Чорабиниҳои варзишӣ таҳти шиори «Варзиш – зидди нашъамандӣ»

19 январи соли 2013 дар маҷмааи варзишии ба номи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилӣ маросими кушодашавии мусобиқаҳо оид ба футболи хурд ва волейбол таҳти шиори «Варзиш – зидди нашъамандӣ» баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов, Муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Бунафша Одинаева, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов, Мушовир оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Ульф Биллвинг ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Мусобиқаҳо бо кӯмаки молиявии САҲА дар байни муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, байналхалқӣ ва дипломатӣ, инчунин сафоратҳо аз 16 январ то 20 феврали соли 2013 дар толори варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии ҶТ гузаронида мешавад. Ҳамагӣ 24 дастаҳои футболи хурд ва 12 дастаҳои волейбол, аз он ҷумла дастаи Дафтари САҲА иштирок хоҳанд кард.    

Қайд намудан зарур аст, ки Дафтари САҲА дар ҳамҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар муддати чор соли охир лоиҳаи «Гузаронидани чораҳои пешгирикунанда тавзеҳотии зиддимухаддиротӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ», амали мадании-оммавӣ зери шиори «Тоҷикистон бар зидди маводи мухаддир»-ро маблағгузорӣ намуда, амалӣ месозад.

Шарикон