Дар Душанбе нишасти сеюми сарони идораҳои зидди маводи нашъаовари Тоҷикистон, Россия, Афғонистон ва Покистон сурат гирифт
- Details
- Нашр гардид 28 Сентябр 2012
Дар вохӯрӣ Вазири идора оиди мубориза бар зидди маводи нашъаовари Афғонистон Зарор Аҳмад Муқбили Усмонӣ, Котиби Вазорат оиди мубориза бо маводи нашъаовари Покистон Ҷовид Иқбол, Директори Хадамоти Федералии Федератсияи Россия оид ба назорати маводи нашъаовар (ХФНМН) Виктор Иванов ва Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров иштирок намуданд. Вохўрии якуми чаҳоргонаи зидди маводи нашъаовари Осиёи Марказӣ 8 декабри соли 2010 дар ш. Москва таҳти роҳбарии Виктор Иванов ва вохўрии дуввум – соли 2011 дар ш. Кобул шуда гузашт.
Дар рафти вохӯрӣ ҳар як аз Тарафҳо оиди вазъи вобаста ба маводи нашъадор дар кишвар ва дар бораи вазъи ҳамкорӣ бо мақомоти салоҳиятдори давлатҳои «чаҳоргонаи зидди маводи нашъаовар» баромадҳои хешро пешкаш намуданд.
Инак, тибқи суханони Вазири мубориза бар зидди маводи нашъаовари Афғонистон Зарор Аҳмад Муқбили Усмонӣ, 95,7% кишти нашъа дар минтақаҳои он кишвароне сурат мегиранд, ки амният дар он ҷой начандон таъмин карда шудааст. «Мо бояд алайҳи ин мубориза барем ва роҳ надиҳем, ки нашъа дар дохили худи Афғонистон ва бозори ҷаҳонӣ паҳн гардад», - қайд намуд Усмонӣ.
Дар баромади пешниҳоднамуда аз тарафи намояндаи покистонӣ, қайд карда мешавад, ки 25 фоизи нашъа аз рўйи баҳои онҳо ба Россия ва дуртар ба Аврупо, ба воситаи «роҳи абрешимӣ» равона карда мешавад. Агар табодули умумии истеҳсоли ҳероин дар Афғонистон мутобиқи баҳои Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷиноят 360 тоннаи метриро ташкил диҳад, пас бармеояд, ки тавассути Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бояд ҳамасола то 80 тонна фақат ҳероин интиқол ёбад.
Дар айни ҳол Директори АНМН-и ҶТ Рустам Назаров иброз дошт, ки он маълумотҳое, ки СММ дар қисмати хариду фурӯши маводи мухаддир тавассути минтақаи Осиёи Марказӣ медиҳад, бо назари тарафи тоҷик мутобиқат намекунанд. «Баъзан онҳо дар маърӯзаҳояшон баръакс менависанд, ҳол он ки дар мубориза бо маводи нашъадор мо дастовардҳои назаррас дорем», – арз намуд ӯ.
Виктор Иванов дар баромади хеш фаъолияти ИСАФ (Қувваҳои байналмилалии мусоидати амният - англ. International Security Assistance Force; ISAF) - ро — доираи байналмилалии қӯшунӣ, ки аз тарафи НАТО сарварӣ карда мешавад, дар ҳудуди Афғонистон аз соли 2001 амал мекунад, зери танқид қарор дод. «НАТО оиди несту нобуд кардани инфрасохтори истеҳсоли нашъа дар Афғонистон кори системавӣ (мураттаб) намебарад», – гуфт Иванов ва қайд намуд, ки маҳз истеҳсоли нашъа ба экстремистҳо, террористҳо маблағ медиҳад, ба онҳо имконият медиҳад, ки аслиҳа ба даст оранд ва муқовимати мусаллаҳонаро идома диҳанд. «Аммо, чӣ тавре, ки Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин баҳо дод, мутаассифона, НАТО дар барҳамдиҳии инфраструктураи истеҳсоли нашъа фаъолона иштирок намекунад», — қайд намуд роҳбари ХФНМН.
Иштирокчиёни вохӯрӣ «харитаи роҳи» зиддинашъаовари ҳамкориро барои солҳои 2012-2017 ба тасвиб расониданд, ки он аз чор қисмат иборат аст – амали зидди таҳдиди нашъа (таъсири мутақобила), пешгирии нашъамандӣ, кӯмаки тиббӣ ба шахсони мубталои маводи мухаддир ва ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза алайҳи муомилоти маводи нашъаовар.
«Харитаи роҳ» гузаронидани амалиётҳои муштарак оиди ошкоркунӣ ва несту нобудсозии лабораторияҳои (озмоишгоҳҳои) маводи нашъаовар ва барҳамдиҳии гурӯҳҳои ҷинояткорро на фақат дар назди сарҳадҳои ҷанубии ИДМ пешбинӣ мекунад. Роҳбари ХФНМН Виктор Иванов қайд намуд, ки ба ҳамкорӣ бо Исломобод умеди калон дорад. Маҳз дар ҳамон ҷо соли 2013 ҷаласаи минбаъдаи чаҳоргонаи зидди маводи нашъаовар баргузор хоҳад гардид.
Дар натиҷаи вохўрӣ дар Душанбе аризаи якҷоя ба имзо расид.