Утоқҳои махсуси милитсия оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила
Дафтари САҲА дар Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати корҳои дохилии (ВКД) ҶТ дар раванди тамоми ислоҳоти милитсия ҳамкорӣ мекунад. Ҳамзамон, Дафтари САҲА ба чунин масоили муҳими кори ҳамарӯзаи милитсия, ба монанди таҳкими малака оиди техникаи тафтиш дар масъалаҳои мубориза бар зидди хариду фурӯши инсон ва баланд бардоштани маълумотнокӣ оиди стандартҳои байналхалқии ҳуқуқи инсон, ки ҳар сатҳи мурофиаи адлияи ҷиноятиро фаро мегиранд, аҳамияти махсус медиҳад.
Моҳи августи соли 2010 Вазири корҳои дохилӣ ду утоқи нахустини ВКД-ро, ки барои кор оиди пешгирии зӯроварӣ дар оиларо махсус ҷиҳозонида шудаанд, расман кушод. Ин ҳуҷраҳо дар шаҳри Душанбе воқеъ буда, баъдтар боз се утоқи махсус бо дастгирии Дафтари САҲА дар ҳамкории зич бо Вазорати корҳои дохилӣ таъсис дода шуданд. Ин утоқҳои махсус ҳоло дар ноҳияҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд ва дар ду ноҳияи ш. Душанбе фаъолият мекунанд. Дар ҳар утоқ зан-нозир, ки оид ба баррасии масоили зӯроварӣ дар оила махсус омӯзонида шудааст, кор мекунад.
Таъсиси ин утоқҳо далели он аст, ки Вазорати корҳои дохилӣ зӯроварӣ дар оиларо ҳамчун ҷиноят баррасӣ мекунад ва таҷрибаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ оиди дастгирии ҷабрдидагони зӯроварии хонаводагӣ нишон медиҳад, ки зӯроварии хонаводагӣ ҳамчун ҷинояти алоҳида муайян карда нашудааст.
Моҳи сентябри соли 2011 ВКД категорияи нави маълумот оиди ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оиларо дар миқёси тамоми Вазорат ҷорӣ намуд, ки ин иқдоме ба пеш аст. Он (иқдом) ҷиҳати тағйир ёфтани огоҳӣ оиди ин мушкилоти барои ин маҳал хос дар байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гардид.
Бори аввал Вазорат тавонист маълумотро оиди ҳодисаҳои зӯроварии хонаводагӣ бо ёрии системаи нави тасниф (классификация) ҷамъоварӣ намояд. Ба наздикӣ ин маълумот дар маърӯзаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи универсалии СММ дар Ҷенева пешниҳод гардид. Тибқи ин маълумот, тахминан 800 ҳодиса таҳти категорияи зӯроварӣ дар оила дар соли 2011 ба ҳисоб гирифта шудааст. Тахминан 250 ҳодисаро панҷ утоқҳо хабар доданд. Инчунин боиси хурсандист, ки дигар утоқҳои ВКД аз тамоми кишвар дар бораи ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила таҳти категорияи махсус ҳисобот медиҳанд ва чунин ҳисоботҳо на фақат аз утоқҳо ирсол мегарданд. Илова бар ин, нозирони минтақавӣ бо ҳамроҳии панҷ ҳуҷра ҳамчунин оилаҳоеро, ки зери хатари зӯроварӣ дар оила қарор доранд, ошкор сохта, онҳоро тавассути назорат ва ташриф овардан дастгирӣ мекунанд, ки ин ба камшавӣ ё барҳамхӯрии зӯроварӣ дар ин оилаҳо мусоидат менамояд. Утоқҳои махсус фақат дар Тоҷикистон вуҷуд доранд, ки ин як навовариест дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ.
Дафтари САҲА дастгирии барномаи таҳкими иқтидори кормандони милитсия ва тамоми ҳайати Вазорати корҳои дохилиро тавассути гузаронидани сессияҳо, омӯзишҳои ҳамасола оиди масъалаҳои гендерӣ, инчунин ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва чораҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила амалӣ мегардонад. Дафтари САҲА ҳамчунин дар таҳияи қонун оиди зӯроварӣ дар оила, ки дар давоми солҳои 2011-2012 бо ҳамкории Агентии Швейтсария оиди Ҳамкорӣ, барномаҳои Занҳо дар Тоҷикистони СММ ва бисёр ташкилотҳои дигари ҷамъиятии шаҳрвандӣ таҳия шуда буд, идома медиҳад.
Дафтари САҲА дар ҳамкорӣ бо Академияи ВКД ҶТ барои ҷорикунии курси таълимӣ оиди тафтиш дар рафти амали зидди хариду фурӯши инсон мусоидат намуд. Ин курс ҳамчун қисми нақшаи таълимии Академияи ВКД ҶТ барои донишҷӯёни соли 4 гузаронида шуда, давомнокиаш 20 соат аст. Академияи ВКД инчунин бо таълими донишҷӯён дар соҳаи зӯроварии хонаводагӣ дар асоси ихтиёрӣ машғул аст.