Ашт: «Ҷавонон ва варзиш - зидди нашъамандӣ»

Тавре қаблан иттило дода будем, силсилачорабиниҳои варзишӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ ва омӯзишӣ бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва Дафтари он дар шаҳри Душанбе (САҲА) дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома ёфта истодааст.

Имрӯз (23.08.с.2017) дар доираи ин чорабиниҳо дар толори маҷлисгоҳи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо иштироки Раиси ноҳия Мирдодо Зариф Мирмуҳаммадиён, сардори шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд майори милитсия Азимов Меҳваршо, сардори ШВКД дар ноҳияи Ашт полковники милитсия Солизода Абдувоҳид Орифҷон, муовини аввали Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ подполковники милитсия Аслиддин Шоҳиён ва доираи васеи ҷавонону наврасон, бахшида ба «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017 вохӯрии судманд баргузор гардид.

 Ҷамъомади тантанавиро Раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт Мирдодо Зариф оғоз намуда, ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон ва варзиш барои баргузории чунин силсилачорабиниҳои варзишӣ дар «Соли ҷавонон» таҳти шиори «Ҷавонон ва варзиш-зидди нашъамандӣ», ки дар равнақу ривоҷ ёфтани соҳаи варзиш такони ҷиддӣ мебахшад, арзи сипос намуд.

Мавсуф зикр кард, ки мусобиқаҳои кушоди шахсӣ-даставӣ миёни наврасону ҷавонон оид ба футболи хурд, волейбол, тениси рӯйи миз, шашка ва шоҳмот дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар мулоқот бо фаъолони вилоят баён доштанд, бо мақсади тарғибу ташвиқи варзиш дар байни наврасону ҷавонон, хотирмон, гузаронидани мусобиқаҳо, баланд бардоштани маҳорати варзишии варзишгарон, устувор намудани дӯстию рафоқат ва бурдани тарзи ҳаёти солим роҳандозӣ гардидааст.

Қайд намудан бо маврид аст, ки имрӯз дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд, ду мактаби варзишӣ, 44 нафар мураббӣ баҳри фаро гирифтани 1095 нафар ҷавонону наврасон ба намудҳои гуногуни варзиш фаъолият мебаранд. Ҳамзамон дар миқёси ноҳия 109 майдонча ва 5 толорҳои варзишӣ ҷиҳати солимгардонии ҷомеа фаъолият менамоянд.

Мавсуф дар идомаи вохӯрӣ иброз дошт, ки нашъамандӣ ва шомилшавии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида, рушду нумӯи варзиш миёни ҷавонону наврасон яке аз василаҳои муҳими пешгирии ин зуҳуроти номатлуб маҳсуб меёбад.
Дар идомаи вохӯрӣ сардори шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд майори милитсия Азимов Меҳваршо зимни баромади худ, қайд намуданд, ки бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро пайваста миёни ҷузъу томҳои ВКД, сохторҳои қудратӣ, корхонаву идораҳои кишвар чунин чорабиниҳои варзишӣ баргузор мегардад, ки дар пешравии ин соҳа саҳми арзанда доранд.

Сипас корманди Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД капитани милитсия Сафаров Манучеҳр ва муовини сардори шуъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккилии РВКД дар вилояти Суғд подполковники милитсия Отаҷонов Фарҳод назди ҳозирин бо маърузаҳои таҳлиливу омӯзишии худ оид ба роҳҳои пешгирии нашъамандӣ, сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро баромад намуданд.

Пас аз баргузории вохӯрӣ, дар толори варзишии варзишгоҳи марказии ноҳия мусобиқаи даставӣ аз намуди волейбол бо иштироки роҳбарияти ноҳия, масъулини баргузории мусобиқаҳои мазкур ва зиёда аз 500 нафар мухлисони волейболу ҳаводорони варзиш оғоз гардид.

Дар мусобиқа шаш дастаи ҷавонону наврасон: Ошобо №1 ва Ошобо №2, Мактаби варзишӣ, Саро, Ҷавонон ва дастаи Бободархон аз шаҳраку ҷамоатҳои ноҳия иштирок ва барои ба даст овардани ғолибият бо ҳам рақобат намуданд. Чорабинии варзишӣ ба таври даврӣ баргузор гардида, варзишгарони дастаҳо бо нишон додани маҳорати варзишии худ мухлисонро ба ваҷд меоварданд.

Мусобиқа дар даҳ давр доир гардида, дар даври ниҳоӣ дастаҳои Ошобо №1 ва Ошобо №2 барои ҷойи аввал қувваозмоӣ намуданд, ки дар ниҳоят дастаи Ошобо №2 бо нишон додани маҳорати баланди варзишӣ сазовори ҷойи аввал гардид. Ҷойи дуюмро дастаи Ошобо №1 ва ҷойи сеюмро бошад дастаи Ҷавонон соҳиб шуданд.
Қайд намудан бо маврид аст, ки Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо бо Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамкории зич қарор дошта, дар баргузории ин чорабиниҳои варзишӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ ва омӯзишӣ саҳмгузор мебошад.

Дар фарҷоми баргузории мусобиқаи даставии намуди волейбол муовини аввали Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ подполковники милитсия Шоҳиён Аслиддин суханронӣ намуда зикр кард, ки варзиш ин соҳаест, ки шахсро ба қуллаҳои баланди зиндагӣ мерасонад, соҳаест, ки шахс давлату миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд, аз ин хотир бо дилу нияти пок ба варзиш шуғл варзед ва парчамбардори Ватани азизамон гардед.

Масъулини ин чорабинии варзишӣ аз номи Вазорати корҳои дохилӣ ба ғолибони мусобиқа Ҷом, медал, Сипосномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Баргузории мусобиқаҳои варзишӣ, фарҳангиву фароғатӣ дар дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дошта, аз рафти он иловатан маълумот хоҳем дод.

Раҷҷабек Илёсов, Душанбе-Суғд.

Сарчашма

Шарикон