Ислоҳоти милитсия - тақозои замон

Имрӯзҳо дар раёсату шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ, идораву вазоратҳо ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ муҳокимаи Стратегияи ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 идома дорад.

Дар алоқамандӣ ба ин масъалаи муҳим ва баъзе масоили марбут ба он мо бо муовини сардори Академияи ВКД ҶТ, сардори факултети №4 дар шаҳри Хуҷанд, доктори илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Носир Назаров ҳамсӯҳбаи шудем. 

- Вобаста ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шумо китобу монографияҳо, рисолаву мақолаҳои зиёд чоп намудаед. Мехостам назари Шуморо ҳамчун мутахассиси соҳа дар бораи ислоҳоти милитсия бифаҳмам?

- Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон, ки солҳои зиёд қисми таркибии милитсияи Шӯравӣ маҳсуб меёфт, баъди барҳам хӯрдани он дар канор монд. Вале, хушбахтона бо соҳибистиқлол гаштани ҷумҳурӣ ба  шароити вазнини он рӯзҳо нигоҳ накарда, Ҳукумати мамлакат дар баробари дигар мақомот ва сохторҳои низомӣ барои фаъолияти босамари кормандони милитсияи тоҷик, беҳбудии иҷтимоии онҳо, фароҳамсозии шароити мусоиди корӣ ғамхориҳои беназир зоҳир менамояд.

Давраи роҳбарии ҳар як Вазири корҳои дохилӣ дар ин замон аз саҳифаҳои рангин ва дигаргунсозиҳои куллӣ дарак медиҳад. Вале, он қадамҳои устуворе, ки имрӯз Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов гузошта истодааст, дар саҳифаҳои таърихи милитсияи тоҷик беназир хоҳад монд, ки ҳанӯз таҳдоби онро генерал-полковники милитсия, собиқ Вазири корҳои дохилӣ Абдураҳим Қаҳҳоров гузошта буд.

Гузаронидани ислоҳотдар як ниҳоди бузурги кишвар аслан кори осон набуда, қувваю нерӯ ва талошҳои зиёдро талаб менамояд. Гузашта аз ин, ислоҳоти милитсия тақозои замон мебошад.

- Бигӯед, ки то чӣ андоза бо моҳият ва мазмуни Стратегияи ислоҳоти милитсия ошно ҳастед ва чӣ мулоҳиза доред?

- Бо Стратегияи ислоҳоти милитсия, ки лоиҳаи он тӯли беш аз 2 соли охир зина ба зина омода шуда истодааст, ошно буда, онро омӯхтам ва дар баъзе муҳокимаҳои он низ иштирок дорам. Аз оғоз Стратегияи мазкур тамоми тағйироти куллиеро, ки дар ҷанбаҳои муҳими ҳаёти  ҷомеа, давлатдорӣ ва Ҳукумат ба амал омадааст, дар бар гирифта, вазифаи мушаххасро барои оянда низ пешбинӣ кардааст.

Дар лоиҳаи мазкур ҳадафу вазифаҳо, асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳои гузаронидани ислоҳот, ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи милитсия бо аҳолӣ, созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ, васоити ахбори умум, ҷомеаи шаҳрвандӣ, тақсими ваколат ва салоҳияти милитсия дар системаи мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ хеле баръало инъикос карда шудааст.

- Вобаста ба сохтори худи милитсия чӣ бартариятҳо ба назар мерасанд?

- Дар Стратегия инчунин хеле возеҳ ва равшан тарзи корбарӣ, мавқеъ ва мақоми на танҳо сохтор, балки ҳар як корманди милитсия ё политсия мушаххас карда шудааст. Дар он на танҳо сохтори мақомот, балки идоракунии милитсия, маҳорату малакаи касбии кормандон, кору фаъолият дар самти кадрҳо, яъне аз интихобу қабул ба мақомот то омодасозию пешрафти мартабагӣ дар хадамот, хизмат дар мақомот, вақти корию пардохти музди меҳнати кормандон инъикос шудааст.

Як қисми дигари Стратегия дар мавриди аз ҷониби кормандони милитсия ба масъалаҳои дар кадом ҳолатҳо истифода бурдани қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус, яроқи оташфишон, системаи ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноятҳо бахшида шудааст.

Дар қисмати ниҳоии он бошад, дар баробари ҳамкориҳои байналмиллалӣ, ҳамзамон назоратбарии кор ва ҷавобгарии милитсия қайд карда шудааст.

- Дар оянда нисбати сохтор ва корманд чӣ талабот гузошта шудааст?

- Ислоҳоти нави милитсия аз оғоз то анҷомаш аз навгониҳо иборат буда, талаботи тамоман навро барои оянда тарҳрезӣ кардааст. Ҳамзамон, корманде, ки ба талаботи сохтор ҷавобгӯ набошад, дар фаъолиятҳои гуногунҷабҳа истодагарӣ карда наметавонад.

- Чун мутахассисе, ки фаъолияти милитсия бароятон равшан аст, оё пешниҳодоте низ дар ин самт доред?

- Пешниҳодҳо зиёд аст ва бамаврид медонам, ки онҳоро баён намоям:

1. Дар раванди ояндаи фаъолияти милитсия бояд тамоми шароитҳои инкишофи ҷинояткорӣ, ки сол то сол меафзояд аз ҷониби сохторҳои мутасаддӣ ҷиддан омӯхта, дар вақти таҳлил хулосаи дуруст бароварда шавад.

2. Бо мақсади танзиму ташкили кори босамари милитсия, хусусан дар шароити кунунӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёдро пеш гирифтааст зарур аст,  ки таҳдоби ҳуқуқии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳуқуқэҷодкунӣ аз нав таҳлил ва баҳогузорӣ карда шавад.

3. Ҳангоми омӯзиши вазъи ҷинояткорӣ ва пешбининамоии самтҳои ояндаи он, дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои он ба таври на он қадар ба талабот ҷавобгӯбуда, заифона истифода бурда шудааст. Маълумотномаҳои иқтисодӣ ва демографӣ, таъсири урфу одатҳо, расму оин, афкор ва дигар омилҳои иҷтимоию  равонӣ дуруст ба инобат гирифта  нашудааст. Дар оянда зарур аст, ки ба ин омилҳо бештар таваҷҷуҳи хос дода шавад, то дар самти дигар фаъолиятҳо низ ба дастовардҳои мушаххас ноил шавем.

4. Ба фикри манн, имрӯз вақти он фаро расидааст, ки дар тамоми мақомоти милитсия, аз ВКД-и ҷумҳурӣ сар карда, то мақомоти вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ инвентаризатсияи маълумотҳо дар бораи ақалан 15-20 соли инкишофи ҷинояткорӣ дақиқ карда шавад. Вобаста ба он тарафҳои объективӣ ва субъективии ҳар як зуҳуроти мушаххас маълум карда шавад.

Муҳимияти ин амал имконият медиҳад, ки пеш аз ҳама:

а) таъсири тағйироти баамаломадаро дар қонунгузорӣ муайян намоем;

б) камбудиҳоро дар фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунии тамоми мақомоти таҳқиқу тафтиш равшан созем;

в) норасоиҳо, хатогию иштибоҳҳоро дар таҳкими қонуният, дар фаъолияти мақомоти ҷамъиятӣ ва хифзи хуқуқ дақиқ намоем;

г) ҳамзамон, фаъолияти пасти сокинони ҷумҳурӣ ва таъсири онҳоро дар тамоюл ва инкишофи ҷинояткорӣ баръало ҷудо созем;

д) ҷамъбасти чунин муносибат бояд ташкили харитаи криминологӣ, шиносномаи ҷамоатҳои деҳот, ноҳия, шаҳру вилоятҳо ва ҷумҳурӣ гардад, ки дар онҳо тамоми маълумот дар бораи инкишофи ҷинояткорӣ дар ҳудуди муайяни маъмурӣ инъикос карда шуда, оянда дар коркарди барномаҳо, нақшаҳо, қарорҳои идоракунӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар давраи муайян мусоидат намоянд.

Дар шароити кунунӣ кори кадрӣ ва тарбиявии мақомоти корҳои дохилӣ ба таҷдиди ҷиддӣ ниёз дорад. Дигаргунсозиҳо дар ин самт бояд дар асоси талаботи имрӯза, таҳлили гузашта ва ақидаю назаре, ки садди пешравӣ аст, сурат гирад.

5. Бо мақсади такмил бахшидани фаъолияти мақомоти милитсия зарур аст, ки тарзҳои нави интихоб ва қабул кардани номзадҳоро ба мақомот ба роҳ монем, то ки қодир бошанд ба таври воқеӣ истеъдод ва сифатҳои шомилшавандагонро барои хизмат ба сафи мақомоти корҳои дохилӣ муайян созанд.

Ба фикрам, шаклҳои гуногуни чунин корро истифода бурдан мумкин аст. Чунончӣ:

- тестҳо барои муайян кардани дараҷаи инкишофи интеллектуалӣ;

- гузаронидани сӯҳбате, ки дар ҷараёни он на танҳо шарҳи ҳол, балки диду назар ва хоҳишу талаботи корманди ояндаи мақомот маълум карда  шавад;

- додани супориш, ки дар рафти он ҳунару малакаи номзад дар самти асоснок кардани қарор маълум мешавад, ба таври кӯтоҳ баромад кардан дар назди коллектив, ба таври озодона баён кардани фикри худ ва ғайра, ки тавоноӣ ё нотавонии интихобшавандаро маълум месозад;

- мусоҳибаҳои гурӯҳӣ, ки фикрҳои дурусту нодуруст, иштибоҳҳо ва дигар сифатҳои номзадро ҷудо менамоянд;

- тафтишоти дараҷаи ҳолати саломатии номзад, ки хусусиятҳои хоси интихобшавандаро нишон дода, тавоноӣ, бофикру мулоҳиза будан, ҷасурию ташаббуснок ва пешсаф будани ӯро инъкос менамояд.

6. Шароитҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва вазъияти ҳолати мунтазами казармавӣ ба корбарӣ ва ҳолати ҷисмонии кормандони милитсия таъсири манфӣ расонидааст. Аз ин лиҳоз, оянда зарур аст, ки барномаҳои тайёрии ҷисмонӣ ва равонии кормандонро бо тарзи наву ҷиддӣ тарҳрезӣ намуд. Хусусан, ба кормандони бахшҳои кофтукови ҷиноӣ, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккил, тафтишот, қисмҳои  навбатдорӣ, хадамоти посбониву пайраҳадории милитсия, нозирони минтақавӣ, ки ҳамеша машғули кор буда, дар ҳолатҳои мушкилу ноҳинҷор фаъолият доранд, таваҷҷуҳи бештар додан лозим аст. Аллакай ташкили марказҳои таҷдиди тандурустӣ ва фароғат дар дараи Ромит, ноҳияи Ишкошими ВМБК ва вилояти Суғд аз ҷумлаи қадамҳои аввалин дар ин роҳ мебошад.

7. Дар низоми дарсҳои тайёрии хизматии кормандон, ҷойи аз ҳама намоёнро бояд коркарди масъалаҳои на танҳо равонию рӯҳӣ, барқарорсозии муносибатҳо (алоқаҳо), бартарафсозии вазъиятҳои муноқишавӣ, балки аз худ намудани воситаҳои мухобираи замони муосир, коркарди малакаи қабули қарори дуруст дар ҳолатҳои ногувор, баёни фикр ба таври хаттӣ ва шакли даҳонӣ ишғол намояд.

8. Ба хотири такмил бахшидани ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ зарур аст, ки хадамоти посбонию пайраҳадории милитсия куллан пурзӯр карда шавад. Бо ин мақсад, пустаҳои такягоҳии шабонарӯзии милитсия аз лиҳози техникӣ ва воситаҳои мухобира бояд пурзӯр карда шаванд.

Алоқаҳои аз дастрафта бо ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таҷдид карда шуда, кори фаҳмондадиҳӣ ва ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ инкишоф дода шавад. Дар ин самт аллакай дар ҷумҳурӣ қадамҳои аввал гузошта шудааст ва онҳоро боз ҳам тақвият бояд бахшид.

9. Ҳамзамон, имрӯз зарурати таъсиси як маҷаллаи махсуси милитсия (ё моҳвора ё рубвора (кварталӣ), зиёд кардани шумораи  сифатӣ ва миқдории ҳафтаномаи соҳавии "Қонун ва ҷомеа", ташкили барномаҳои гуногунҷабҳа дар минбари шабакаҳои телевизиони ҷумҳурӣ, ки қодир бошанд ҳамеша сокинони ҷумҳуриро дар мавриди ҳолату инкишофи ҷинояткорӣ ва чораҳои мубориза бар зидди он огоҳ намуда, бюллетенҳои махсуси расмии хусусияти маълумотдиҳӣ-фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотӣ доштаро мунтазам интишор мекардем, хеле ба фоидаи кор мебуд.

10. Чизи дигаре, ки мавқеъ ва мақоми Стратегияи ислоҳоти милитсияро (ё худ оянда политсияро) мустаҳкам месозад, иваз кардани тамоми намуди либос (тобистона ва зимистона), кӯлоҳ (мавсимӣ) ва нишону шеврон ва дигар чизе, ки ба он тааллуқ дорад мебошад. Бидуни ивази он ба дастовардҳои дилхоҳ ва саривақтӣ нахоҳем расид.

Албатта, гуфтаҳои боло дар маҷмӯъ дар ин ё он ҳолат дар амалия мавриди татбиқ ва иҷро қарор доранд, вале баъзе ифодаҳое, ки аз ҷониби банда ироа гардид, хусусияти пешниҳодӣ дошта, бояд мушаххас карда шаванд.

- Барои пешрафти кори милитсия ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани фаъолияти он, кадом корҳо ва сифатҳое, ки онро беҳбудӣ мебахшанд, бояд роҳандозӣ намуд ва омилҳоеро, ки монеъ мешаванд, бартараф кард?

- Бояд қайд намоям, ки мақомоти милитсия аз бузургтарин мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аст, ки аз лиҳози шумора, мавқеъ ва мақом, номгӯи васеи иҷрои вазифаҳои хизматӣ, оперативӣ ва амсоли он фарқкунанда мебошад ва дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ шабу рӯз амал дорад ва халқу давлат ва Ҳукумати мамлакат барояш шароитҳои мусоид низ фароҳам сохтааст.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, шароит ва воқеияти имрӯз дар назди мақомоти милитсия ва кормандони он вазифа ва талаботи нав низ мегузорад, чунончӣ:

Аввалан - ҳар як корманди милитсия ва шахси мансабдори мақомоти корҳои дохилӣ бояд аз чунин сифатҳо: бовиҷдонӣ, боадолатӣ, хоксорӣ, ҳунари қабули танқид, донистани ҳаёти дигарон бархӯрдор бошад. Зеро, ғайр аз ӯҳдадориҳои хизматӣ, инчунин, ӯҳдадориҳои умумиинсонӣ низ вуҷуд доранд, ки дар раванди фаъолиятамон мо бояд онҳоро ба инобат гирем. Агар чунин сифатҳоро доро набошем, пас корманди милитсия ба талаботи принсипиалӣ ҷавобгӯ набуда, ҳамзамон ба маслаки интихобкарда - ҳимоятгарони тартибот содиқона хизмат карда наметавонад.

Дуюм - бо мавҷудияти як қатор сабабҳои объективӣ ва субъективӣ, фаъолияти амалии мо аз талаботи ҳаёти имрӯза қафо монда истодааст. Ба ин ҷода баъзан вақт эҳсосот ва кӯшиши шахсони масъул, ки ҳар вақт бо коғазу коғазбозиҳо (гирифтани баёноту гузоришҳо) асос меёбад ва ҳар дафъа худро чун роҳбарони сахтгир нишон медиҳанд, мусоидат кардааст. Ин дар навбати худ дар кори сиёсӣ-тарбиявӣ ва ташкилии кадрҳо муносибати консервативӣ ва манфиро ба миён мегузорад.

Сеюм - вобаста ба он вазъи имрӯза низ дар самти кор бо кадрҳо ва интихоби онҳо муносибати ҷиддӣ, тарбияи инфиродӣ, такмили мунтазами тайёрии касбӣ ва сиёсиро тақозо дорад.

Чорум - мавҷудияти таҷриба ва амалияи интизомӣ на ҳама вақт самараи дилхоҳ медиҳад. Кӯшиши сардорон ва командирони ҷузъу томҳо ба ҷойи тақвияти кори тарбиявӣ, ба ҷазодиҳӣ (сарзанишҳо) анҷом ёфта, ҳамин тавр фазои сахти фирефтаро нишон медиҳад, ки ахиран ба боварии зердастон ва обрӯи худ дар фаъолияти амалӣ латма мезананд. Ҳамаи ин нокомилии кадрҳоро дар чунин кори мушкил ба миён оварда, ҳамбастагии дурусти мутахассисони таҷрибадор ва ҷавонро халалдор месозад.

Панҷум - дар масъалаи мукофотонидани кормандон низ бояд диди нав дошта бошем. Чунин муносибат хусусиятҳои фардӣ ва шуғлияти одамонро ба назар намегирад. Бо иштироки наздикон супоридани мукофотҳо қариб аз байн рафтааст. Ҷустуҷӯи шаклҳои вақеӣ ва такомулёбии ин кори муҳим меҳнати фидокоронаи мукофотгирандаро боз ҳам меафзояд.

Шашум - вазифаи тайёрии назариявию равонии ҳайати шахсии шӯъбаҳои шаҳриву навоҳии ВКД имрӯз муҳимияти махсусро дорост. Бо ин мақсад дуруст мебуд, ки қабл аз ҳама ба таври пурра агар имкониятҳои Академияи ВКД, курсҳои такмили ихтисос, тайёрии ибтидоӣ, таҷрибаи собиқадорони бисёртаҷриба ва шаклҳои гуногуни таҳсилро истифода мебурдем, ба маврид мебуд.

Ҳафтум - зарур аст китоби "Маълумотнома - луғат" доир ба донишҳои ҳуқуқӣ ва ҷамъиятиро барои хонандагон ва ҷавонон таҳия намуд. Дастури ҳаҷман на чандон калон хонандагонро ба ҳаёти оянда омода сохта, нормаҳои ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрӣ, қонуниятҳо, ҳуқуқи интихобкунандагон, намудхои ҳуқуқвайронкунӣ, шаклҳо ва тартиби пешгирӣ ва профилактикаи ҷиноятҳоро маънидод хоҳад кард. Аксари ин мафҳумоти назариявӣ ва амалӣ барои тайёрии ҳуқуқии ҷавонон ба ҳаёти оянда мусоидат менамояд.

- Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ!

Сӯҳбаторо Ҷ. Садриддинов

Шарикон