Тренинги омӯзишӣ барои аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Details
- Published on 30 June 2017
30 июни 2017 сол якумин аз силсила тренингҳои омӯзишӣ барои аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия (ШҶ) дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Тренинги омӯзишӣ аз тарафи Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқии Saferworld ташкил карда шуд.
40 нафар аъзоёни ШҶ аз сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ш. Душанбе, намояндагони Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВКД ҶТ) ва аз Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД ҶТ дар омӯзиш иштирок варзиданд. Инчунин нозирон аз шӯъбаи милитсия оиди кор бо зӯроварии хонаводагӣ дар чорабинии мазкур иштирок карданд.
Дар рафти омӯзиш иштироккунандагон аз таҷрибаи фаъолият ва усулҳои пешқадами кори худ оиди кори милитсия дар ҷомеъа мубодилаи афкор намуда ҷанбаҳои асосии Стратегия ва Барномаи ислоҳоти милитсияи ҶТ барраси карданд. Инчунин иштироккунандагон Низомномаи ШҶ-ро, ки аз 10 июни 2017 дар асоси қарори ВКД ва аз тарафи Ҳукумати ҶТ тасдиқ шудааст, муҳокима намуданд. Дар тренинг мавзӯъҳои беҳтар намдани ҳамкории милитсия ва ҷомеа, пешгирӣ кардани зӯроварии хонаводагӣ ва мубориза алайҳи радикализатсия ва экстремизм дар байни ҷавонон муҳокима шуданд. Иштирокчиён инчунин малакаҳои худро дар омодасозии баромадҳо такмил доданд, ки дар оянда барои ташкили вохӯриҳои самаранок бо ҷамоатҳо истифода бурда мешавад.
Хонум Туула Юрёля, Сафири дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе гуфт, ки «Яке аз мақсадҳои асосии дафтари САҲА ин дастгири намудани рушди ҳамкорӣ байни милитсия ва ҷомеа мебошад». Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД ҶТ генерал-майори милитсия Шодмонзода Фародбек қайд кард, ки «Бо дастгирии САҲА, Вазорати корҳои дохила барои таҳкими ҳамкории милитися бо ҷомеъаҳои маҳаллӣ диққати хоса медиҳад ва чӣ тавре ки дар низомнома пешбинӣ шуддасст, дар давоми солҳои 2017-2020 шӯроҳои ҷамъиятӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо низ таъсис дода мешаванд».
Айнан ҳамин намуд тренингҳои омӯзишӣ дар моҳҳои июл ва августи 2017 барои аъзоёни ШҶ дар шаҳроҳои Қурғон-теппа, Кулоб, Рашт, Хуҷанд ва Хоруғ гузаронида мешаванд.