Омӯзиш барои устодон оид ба таълими босамар

Имрӯз, дар таърихи 20 октябри соли 2014, дар маҷлисгоҳи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон омӯзиши 10 рӯза барои 25 омӯзгорони Академия ва Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии (ВКД) Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ), инчунин барои кормандони ВКД, ки фаъолияти муассисаҳои таълимии ВКД ҶТ-ро назорат мекунанд, оғоз гардид.

Омӯзиши мазкур оид ба методикаи таълими босамарро аз 20 то 31 октябри соли 2014 устодони ботаҷриба, кормандони полиси Чехия хонум Зузана Армутидисова ва хонум Катерина Мичкова гузаронида истодаанд. Ин чорабинӣ дар чаҳорчӯбаи Стратегияи ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон баргузор шуда, Дафтари САҲА дар Тоҷикистон чун шарики иҷтимоӣ ӯҳдадор шуд, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати мустаҳкамкунии иқтидор ва баланбардории дараҷаи ихтисосу кордонии омӯзгорони муассисаҳои таълимии ВКД мусоидат мекунад.

Дар раванди ислоҳоти милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба воситаи коршиноси аз Академияи политсияи Хорватия ҷалбнамуда ниёзҳоро муайян намуд, ки тибқи он зарурат ба амалисозии ислоҳоти таълимӣ ва наздиккунонии он ба системаи Болонӣ пайдо шуд. Ислоҳоти пешбинишуда ба тағйирот дар сохтор ва барномаи таълимии Академия, ҳамчунин зарурат ба баландбардории дараҷаи ихтисоси устодони он оварда мерасонад.

Мақсаду вазифаҳои омӯзиши мазкур аз болобардории малакаҳои назариявӣ ва амалии омӯзгорон оид ба методикаи таълим, шиносоии кормандони ВКД бо таълими муосири пешрав, баланбардории малакаҳои педагогӣ ва кордонии омӯзгорон, инчунин бо тартиби таълим дар системаи ВКД Чехия иборат мебошанд.

Иштирокчиён мавзӯҳои зеринро баррасӣ мекунанд: падидаи робита, нутқи кӯтоҳи бадеҳатан гуфташуда, омилҳои омӯзиши босамар, машваратҳои инфиродӣ, ҳадаф ва ҳавасмандӣ, риторика, ҷиҳати/ҷанбаи равоншиносии алоқа, машваратҳои инфиродӣ, муаррифии идоракунии фишор/тарсу ҳаяҷон дар назди ҳозирон, шартҳои қаблӣ барои мубоҳисаи муносиб ва бурҳони қотеъ.

Дар қисмати дуввуми омӯзиш ҳозирин бо мавзӯҳои мазкур шинос хоҳанд шуд: назорат – болобардории дараҷаи ихтисоси муаллимон, низоъ, намудҳо ва тарзҳои мубориза, усулҳои педагогии таълим, усул – саҳначаҳо аз рӯи нақшҳо, усулҳои педагогӣ барои амалия, баромадҳои омодакардаи иштирокчиён, малака, санҷиш ва беҳтаркунии он, боҷуръатӣ, мубориза бо фишор ва коррупсия.

Дар фарҷоми омӯзиш зимни маросими пӯшидашавӣ ба иштирокчиён сертификатҳо супорида мешаванд.

Шарикон