Барномаи исолоҳоти милитсия барои солҳои 2014-2020

 

3 майи соли 2014 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2014-2020 тасдиқ намуд.

Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3 майи соли 2014, таҳти рақами №269 ниҳоду идораҳои марбут, мақомоти иҷроияи давлатии ВМКБ ва дигар вилоятҳои ҶТ, шаҳри Душанбе ва дигар ноҳияҳоро барои иҷроиши ин Қарор ӯҳдадор кард. Вазорати корҳои дохилии ҶТ бошад, аз ин пас ҳамасола ба Ҳукумати ҶТ оид ба раванди татбиқи ин Барнома ҳисобот медиҳад.

Барномаи ислоҳоти милитсия санади муҳимест, ки ҳадафҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти милитсияро муайян мекунад. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни ҶТ «Оид ба пешгӯиҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегия ва барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ҶТ», Стратегияи рушди миллии ҶТ то соли 2015 ва Стратегияи ислоҳоти милитсия дар муддати 2013-2020 аз ҷониби ВКД таҳия шудааст.

Нақшаи чорабиниҳои Барномаи зикршуда бо мусоидати Ҳукумати ҶТ, Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва кишварҳои сармоягузор татбиқ мешаванд.

Ислоҳоти милитсия нахустқадамест, ки бо тағйирот ва беҳбудӣ дар кори дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ комил мегардад.

 

Скачать Программу о Реформе Милиции
 

 

Скачать План Реализации Программы о Реформы Милиции

 

Шарикон