Вохӯрии намояндагони полиси Литва бо роҳбарияти ВКД ҶТ

Дирӯз, санаи 15 октябри соли 2014 вохӯрии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии (ВКД) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони полиси Литва, ки ба Душанбе аз ҷониби Дафтари САҲА дар Тоҷикистон даъват шуданд, ворид шуданд.

Зимни вохӯрӣ муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Икром Умарзода муовини Комиссари генералии полиси Литва Алгирдас Стончайтис ва Мушовири асосии Комиссари генералии полиси Литва Алвидас Шакочиюсро хайра мақдам гуфта, миннатдории хешро ба ҳамкорони литвагӣ барои мусоидат ба ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон изҳор намуд. 

Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масоили ислоҳоти милитсия Алӣ Бобоназарзода ва Сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД ҶТ Зумрад Солиева дар вохӯрӣ иштирок намуданд.

Ҷ-би Алгирдас Стончайтис оиди натоиҷи ислоҳоти полиси Литва гуфта дода, дар муфассал мушкилотеро, ки дар раванди амалисозии ислоҳоти Вазорати корҳои дохилӣ пайдо мешуд, шарҳ дод. Мавсуф ҳамчунин ба дигар саволҳое, ки аз ҷониби ҳамкорони тоҷик дода мешуданд, ҷавоб гардонид.        

Ёдрас мешавем, ки кормандони полиси Литва ба Душанбе бо мақсади гузаронидани омӯзиш оид ба сарварӣ ва идоракунии раванди ислоҳоти милитсия, ки дар бинои Дафтари САҲА дар Тоҷикистон аз 13 то 17 октябри соли ҷорӣ баргузор шуда истодааст, ворид шуданд. 

Зимни омӯзиш ҳайати роҳбарикунандаи ВКД ҶТ бо мавзӯҳои зерин шинос мешаванд: ҳайати идоракунии ислоҳоти милитсия, ҳадаф ва стратегияи ислоҳоти милитсия, манбаъҳои ислоҳоти ШКД, тартибу низоми ислоҳоти милитсия, тағйирот ва усулҳои идоракунии он, вазифаҳои политсия дар ҷомеаи муосир, стандартҳои ташкилот ва фаъолияти политсия, сохтори ташкилоти политсия, идоракунии захираҳои инсонӣ дар политсия, сарварӣ чун шакл ва усули идоракунии рушд, идоракунии хавф: политсия ва сиёсат, идоракунии хатар, коррупсия, сӯиистифода ва тобеият, таъминоти ҳуқуқии фаъолияти политсия, таъминоти молиявии политсия ва таъминоти техникии политсия.

Вохӯрӣ дар фазои гарму дӯстона баргузор шуд.

Шарикон