Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳолати муосири ислоҳоти мақомоти корҳои дохилӣ»
- Details
- Нашр гардид 28 Ноябр 2018
Рӯзи 28-уми ноябри соли 2018 бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД ҶТ, намояндагони масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми ҶТ, ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳолати муосири ислоҳоти мақомоти корҳои дохилӣ» конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Шӯроҳои ҷамъиятӣ ба ислоҳоти милитсия дар амалишавии ислоҳот саҳми сазовор доранд
- Details
- Нашр гардид 12 Ноябр 2018
Рӯзҳои 7-9 ноябр бо аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсияи назди РВКД дар ВМКБ ва ноҳияи Рашт, инчунин бо ёварони сардорони ин раёсатҳо оид ба ҳамкорӣ бо ҷомеа, созмонҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо ташаббуси ВКД, Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Ташкилоти байналмиллалии «Сейферворлд» машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуданд.
Ба истифода додани Шӯъбачаи милитсия дар ҷамоати деҳоти Эсанбой
- Details
- Нашр гардид 09 Ноябр 2018
Дар партави сиёсати созандаю бунёдкоронаю Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ дар доираи ислоҳоти милитсия дар ҳамкорӣ бо САҲА бинои Шӯъбачаи милитсия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Пешгирии кирдорҳои бадахлоқона дар ҷомеа
- Details
- Нашр гардид 17 Сентябр 2018
15-уми сентябри соли равон, вобаста ба мавзӯи «Пешгирии бадахлоқии мардон нисбати занон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ», мизи мудаввар бо иштироки Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Фарҳодбек Шодмонзода, раиси Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди ВКД оид ба ислоҳоти милитсия Алихон Мансуров, инчунин роҳбари ширкати ҳуқуқии «Ҳимоя» Наврӯз Одинаев, намояндаи Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе полковники милитсия Ҳайдар Маҳмадиев ва роҳбарону аъзои шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия доир гардид.