Пешгирии кирдорҳои бадахлоқона дар ҷомеа

15-уми сентябри соли равон, вобаста ба мавзӯи «Пешгирии бадахлоқии мардон нисбати занон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ», мизи мудаввар бо иштироки Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Фарҳодбек Шодмонзода, раиси Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди ВКД оид ба ислоҳоти милитсия Алихон Мансуров, инчунин роҳбари ширкати ҳуқуқии «Ҳимоя» Наврӯз Одинаев, намояндаи Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе полковники милитсия Ҳайдар Маҳмадиев ва роҳбарону аъзои шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия доир гардид.

Нахуст, раиси Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди ВКД оид ба ислоҳоти милитсия Алихон Мансуров ба роҳбарияти ВКД барои ҳамаҷониба кӯмаку дастгирӣ намудани шӯроҳои ҷамъиятӣ ва хизмати шабонарӯзии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ошкор ва пешгирии ҷинояткорӣ арзи сипос намуд.
М.Алихон оид ба коста гардидани ахлоқу маданияти бархе аз мардону ҷавонон, ки имрӯз ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, ибрози андеша намуда, қайд кард, ки хуб мешуд агар дар тарбияи ҷавонону насли наврас ҷомеаи шаҳрвандӣ бештар таъсири худро расонад ва садди роҳи чунин рафтору амалҳои ноҷову бадахлоқонаи онҳо гарданд. Дар идомаи ҳамоиш роҳбари ширкати ҳуқуқии «Ҳимоя» Наврӯз Одинаев дар мавзӯи «Пешгирии бадахлоқии мардон нисбати занон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ» баромад намуда, дар хусуси рафторҳои бадахлоқонаи як қатор мардону ҷавонон нисбати занону духтарон, бетарафии насли калонсол дар бархӯрд ба чунин ҳолатҳо, пӯшидани сару либос, баланд бардоштани маърифату маданияти шаҳрвандон ибрози андеша намуд. Қайд гардид, ки имрӯз бояд ҳар як фард, бахусус занону духтарон ҳуқуқҳои худро донанд, аз рух додани чунин рафторҳои бадахлоқонаи ҷавонону мардон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бетарафӣ зоҳир накунанд.  Дар ин ҷамъомад Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Фарҳодбек Шодмонзода зикр кард, ки бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, саъю кӯшишҳои пайвастаи роҳбарияти ВКД ва мусоидати Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе дар доираи амалишавии барномаи ислоҳоти милитсия дар миқёси ҷумҳурӣ дар чанд марҳила системаи ягонаи бақайдгирии арзу шикоят ва муроҷиатҳои шаҳрвандон тариқи электронӣ роҳандозӣ шуда истодааст, ки пас аз ба анҷом расонидани корҳои техникӣ амалӣ гардонида мешавад.

Бояд қайд кард, ки имрӯз кормандони милитсия дар баробари ошкору пешгирии ҷинояткорӣ, таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон, ҳамчунин дар таълиму тарбияи ҷавонону наврасон саҳми беандоза доранд. Милитсия халқ аст ва халқ милитсия мебошад, бинобар ин, ҷомеаи шаҳрвандиро мебояд дар ҳамбастагӣ бо мақомотҳои қудратии кишвар робитаи қавӣ дошта бошанд, ба кормандони милитсия эътимод намоянд, то ки саривақт чунин амалу кирдорҳои ноҷои вайронкунандагони тартибот бартараф карда шаванд.
Сипас, сардори шуъбаи нозирони минтақавии Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД полковники милитсия Дилшод Холмуродзода суханронӣ намуда, зикр кард, ки имрӯз дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ 221 21 21 ва телефони Мадад 19-19, инчунин дар воҳидҳои поёнӣ телефонҳои боварии сардорони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ амал мекунанд, ки шабонарӯзӣ дар хизмати халқ қарор дошта, пайваста арзу шикоят ва миннатдории шаҳрвандонро қабул менамоянд.

Дар баробари ин, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ рӯзҳои қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шудааст, ки бетаъхир шаҳрвандон қабул гардида, мушкилоти онҳо баррасӣ мегарданд.
Дар баргузории мизи мудаввар аз ҷониби иштироккунандагони ҳамоиш ҷиҳати бартараф намудани рафтору кирдорҳои ноҷои бархе аз мардону ҷавонон нисбати занону духтарон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, баланд бардоштани маданияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, қавӣ гардонидани равобити шаҳрвандон бо кормандони милитсия, самаранок ба роҳ мондани дарсҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ҷалби бештари ҷавонону наврасон баҳри мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд, ироа гардиданд.

 Раҷаббек ИЛЁСОВ

Шарикон