Эълон!

Дар бораи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия

Ноилшавӣ ба ҳадафи амалисозии ислоҳоти милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) аз фаҳмиши нақши он дар ҷомеаи муосир вобастагӣ дорад. Дар рафти раъйпурсиҳои иҷтимоии бо ташаббуси САҲА баргузор гардида маълум гардид, ки аҳолӣ вазифаи асосии милитсияро дар ҶТ дар таъсисдиҳӣ ва нигоҳдории муҳити бехатари иҷтимоӣ меҳисобад.     

Илова бар ин, чун яке аз меъёрҳои баҳогузории фаъолияти милитсия дар таъмини бехатарии шаҳрвандон чунин нишондодҳо ба монанди кам намудани шумораи зарардидагоне, ки дар амалҳои ҷиноӣ ҷабрдидаанд, паст намудани тарсу ваҳм аз ҷабрдидаи ҷиноят шудан ва беҳтар намудани афкори шаҳрвандон дар бораи кори милитсия бояд хизмат кунанд.

Чунин гузориш ва ҳалли масоили пешгирикунанда ҳамкориро бо аҳолӣ, ки ҳам сарчашмаи маълумот оид ба вазъи тартиботи ҳуқуқӣ, ҳам субъекте, ки қобили андешидани чораҳои мушаххас оиди нигаҳдории тартибот ва бехатарӣ мебошад, пешбинӣ мекунад. Милитсия бояд чунин каналҳои алоқаро таъсис диҳад, ки аз як тараф, ба аҳолӣ аз милитсия маълумотҳои ба онҳо заруриро бо мақсади таъмини рафтори бехатар гирифтанро иҷозат медиҳад, аз дигар тараф, ба шаҳрвандон муҳайё намудани шароити хабардор намудан оид ба таҳдидҳои бехатарӣ ва иштирок дар ташаккули вазифаҳои аввалият оиди нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ.

Ба ғайр аз ин, баҳри комёбшавӣ ба марому мақсади дар назди Стратегияи ислоҳоти милитсия гузошташуда, эҳтиром ва боварии аҳолӣ зарур аст, ки онро сазовор бояд шуд. Дар ҷомеаи демократӣ чунин эҳтиромро метавон бо ёрии сохторҳои ташкилӣ, ки ба баландшавии боварӣ байни милитсия ва ҷомеа мусоидат мекунанд, инчунин ба туфайли сатҳи баланди кордонӣ сазовор гардӣ.

Ба ҳайси чунин сохторҳо Шӯроҳои ҷамъиятӣ оиди таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо милитсия дар сатҳи маҳаллӣ метавонанд баромад кунанд ва дар сатҳи миллӣ бошад дар назди Вазорати корҳои дохилӣ ва раёсатҳои милитсия дар вилоятҳо Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия таъсис дода шаванд.

Зиёда аз ин, худи раванди ислоҳоти милитсия бояд шаффоф ва ошкор бошад. Он созмондиҳии механизмҳои гуногунро, ки муколамаи ошкоро ва оммавиро дар тамоми марҳилаҳои гузаронидани ислоҳот дастгирӣ мекунад, дар назар дорад. Шакли мубоҳиса ва қабули қарорҳо бояд ба шаҳрвандон иҷозат диҳад, ки дар муҳокимаи ҷараёни ислоҳот дар марҳилаҳои гуногуни он иштироки мустақим ва ғайримустақим намуда, имконият дошта бошанд, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳишу пешниҳодҳои (интизориҳои) хешро оиди ин мавзӯъ арз кунанд, имконият дошта  бошанд, ки аз болои баҳисобгирии дархости ҷамъиятӣ ба ислоҳоти милитсия назорат баранд.     

Маҳз аз рӯи чунин шароит ва вазифаҳо кормандони миллӣ оиди ислоҳоти милитсияи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон лоиҳаи Низомномаи Шӯрои ҷамъиятиро оиди мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия таҳия намуданд. Лоиҳаи Низомнома дар лаҳзаҳои асосии паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи ислоҳоти милитсия дар ҶТ, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013, таҳти рақами №1438 тасдиқ шудааст, инчунин Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, таҳти рақами №296 тасдиқ шудааст, асос ёфтааст.  

Лоиҳаи Низомнома такроран бо аъзоёни Зергурӯҳҳои корӣ “Мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия”, ки дар Душанбе, марказҳои вилоятӣ, шаҳрҳои Кӯлоб ва Рашт, дар ҷаласаҳои Гурӯҳи корӣ оид ба идоракунии ислоҳоти милитсия баррасӣ гардид ва пас аз коркарди охирин аз ҷониби иштирокчиёни мизи мудаввар оиди ислоҳоти милитсия таърихи 11 октябри соли 2014 тасдиқ гардид.  

11 ноябри соли 2014 бо Фармони Вазири корҳои дохилии ҶТ таҳти рақами №841 Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия тасдиқ гардида, эътиборнок дониста шудааст. Шӯроҳои ҷамъиятӣ оиди мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии (ВКД) ҶТ, Раёсатҳои корҳои дохилӣ (РКД) ВМКБ, шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ҳамчунин гурӯҳи минтақаҳои Кӯлоб ва Рашт таъсис хоҳанд шуд.   

Мутобиқи Низомнома, Шӯрои ҷамъиятӣ оиди мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия мақомоти машваратӣ-мушоҳидавӣ буда, бо мақсади таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар рафти мубоҳисаи ислоҳоти милитсия дар марҳилаҳои гуногуни он, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди шаҳрвандонро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан, ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ ҷиҳати татбиқкунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа, назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Дар баробари ин вазифаҳои асосии Шӯрои ҷамъиятӣ, ғайр аз таҳияи Консепсияи ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат мебошанд аз:

  • ҷалби шаҳрвандон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқӣ, илмӣ, эҷодӣ, динӣ ва дигар ташкилотҳо ҷиҳати иштирок дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи пешгирии қонуншиканиҳо;
  • омода намудани мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар ҷомеа ҷиҳати мусоидат намудан ба мақомоти корҳои дохилӣ дар пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо;
  • баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба системаи ҳифзи ҳуқуқи давлат, наздик намудани политсия бо аҳолӣ, баланд бардоштани мақоми ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД) ва васоити ахбори омма оид ба минбаъд мустаҳкам намудани давлати ҳуқуқбунёд;   
  • таъмини иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар муҳокимаҳои ҷараёни ислоҳот дар марҳилаҳои гуногуни он, таъсисдиҳии механизмҳои гуногуне, ки дар ҳама марҳалаҳои ислоҳоти милитсия мубоҳисаи ошкоро ва оммавиро фарогир бошад;
  • расонидани кӯмакҳои машваратӣ, методӣ ва дигар намуди дастгириҳо ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ;
  • ҷалби намояндагони воситаҳои ахбори умум барои иттилоотонидани ҳамаҷонибаю объективии аҳолӣ оид ба масаъалаҳои мубрами фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ;
  • таҳияи пешниҳодҳо барои барнома ва амалисозии чорабиниҳои муштарак, ки ба ҳалли масоил оиди таъмини тартиботи ҳуқуқӣ равона карда шудаанд;
  • омодасозии хулоса ва баҳоҳои пешбиникунанда, ҳамчунин пешниҳодҳо оиди такмили фаъолияти политсия, ки аз тарафи ТҒД ворид намуданд;
  • иштирок дар кори комиссияи махсус дар ҳайати Сарнозири ВКД, ки аз тарафи Вазири корҳои дохилӣ таъин гардида, шахсан ба ӯ тобеъ мебошад, ду намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки аз ҷониби аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оиди мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия таъин мегарданд. Шӯрои ҷамъиятӣ бояд ба вайронкунии ҳуқуқи шаҳрвандон, инчунин ТҒД ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки таҳти таъқиби ғайриқонунӣ қарор гирифтаанд, таъсир расонад, онҳоро таҳқиқ намоянд ва тавсияҳои мутобиқро пешкаш намоянд.
  • иштирок дар қабули имтиҳоноти дохилшавӣ аз номзадҳо ба курсантӣ ва шунавандагони муассисаҳои таълимии системаи ВКД;
  • иштирок дар кори комиссияҳои аттестатсионии ВКД ва РКД барои таъмини баҳои объективӣ ва маҷмӯии ашхоси дохилшаванда;
  • таҳияи барномаҳо, консепсияҳо ва пешниҳодҳо, ки ба таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва озодии шахсият, тақвияти давлатдории ҳуқуқӣ ва демократӣ дар Тоҷикистон равона карда шудаанд.

Шӯрои ҷамъиятӣ дар асоси ихтиёрӣ аз ҳисоби шаҳрвандони ҶТ ташаккул дода мешавад.

Номзад ба аъзогии Шӯрои ҷамъиятӣ метавонад шаҳрванди ҶТ, ки қобили фаъолият буда, ба синни 21 солагӣ расидааст, доимо дар ҳудуи ҶТ зиндагонӣ мекунад, доғи судӣ надорад, бо маълумоти на камтар аз миёна, мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ва таҷрибаи фаъолияти ҷамъиятӣ, эҷодӣ ё илмӣ дорад, шуда метавонад.

Пешниҳодҳоро дар бораи ба номзадӣ ба аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ дохил намудан ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ашхоси ҳуқуқии ҶТ, инчунин худи шаҳрвандони ҶТ пешниҳод карда метавонанд.

Ба ризаи ташкилоти ҷамъиятӣ ё ашхоси ҳуқуқӣ бояд чунин ҳуҷҷатҳои зерин замима карда шаванд:

1) қарори мақомоти роҳбарикунандаи ташкилоти ҷамъиятӣ ё ашхоси ҳуқуқӣ дар бораи пешниҳоди номзад ба ҳайати Шӯрои ҷамъиятӣ;

 2) нусхаи шаҳодатнома оиди ба қайдгирии давлатии ташкилот;

 3) нусхаи ҳуҷҷате, ки воқеияти дохил намудани навиштаҷотро ба феҳрасти ягонаи давлатии ашхоси ҳуқуқӣ тасдиқ менамояд;

 4) ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуқарраркунандаи шахси ҳуқуқӣ (оиннома, дастурамал);

 5) маълумот оиди фаъолияти шахси ҳуқуқӣ (саволнома);

 6) аризаи номзад дар шакли хаттӣ, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ризоияти ӯ барои дохил шудан ба ҳайати Шӯрои ҷамъиятӣ;

Ҳамаи номзадҳо ба аъзогии Шӯрои ҷамъиятӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

 1) нусхаи шиносномаи номзад;

 2) нусхаи ҳуҷҷат оиди маълумоти номзад;

 3) тарҷумаи ҳоли номзад;

 4) нусхаи тасдиқшудаи китобчаи меҳнатӣ;

 5) ду дона расми 4Х6 см.

Ҳуҷҷатҳои дар боло зикршуда якҷоя бо аризаи номзад ё мактуб – илтимосномаи ташкилоти ҷамъиятӣ бояд ба ВКД ҶТ ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар мӯҳлати то 15 январи соли 2015 пешниҳод карда шаванд.

Рӯйхати номзадҳо ба аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ дар асоси аризаҳо ва дархостҳои воридшуда ташкил карда мешаванд ва барои муҳокима ба ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оиди идоракунии ислоҳоти милитсия бароварда мешаванд.

Баъди мувофиқкунии рӯйхати номзадҳо ба аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ бо Гурӯҳи корӣ оид ба идоракунии ислоҳоти милитсия ҳайати он дар ҷаласаи Гурӯҳ оиди идоракунии ислоҳоти милитсия (сатҳи сиёсӣ) тасдиқ карда мешавад ва бо Фармони Вазири корҳои дохилии ҶТ эълон карда мешавад.

Тими миллӣ оиди ислоҳоти милитсияи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон тамоми шаҳрвандони ҶТ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқро даъват менамояд, ки ба ҷараёни таъсисдиҳии Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия фаъолона ҳамроҳ шаванд. Маҳз Шӯрои ҷамъиятӣ ҳамчун асос метавонад ба шаҳрвандони ҶТ воқеан имконияти иштирок дар ҷараёни амалисозии ислоҳоти милитсияи тоҷик ва ҳамзамон ноилшавии таъмини волоияти қонун дар фаъолияти он, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шахсиятро тақвияти давлатдории ҳуқуқӣ ва демократиро дар Тоҷикистон диҳад.

Шарикон