Омӯзиши минтақавӣ оид ба ҷинояти киберӣ барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Осиёи Марказӣ
- Details
- Нашр гардид 18 Ноябр 2014
Аз 10 то 14 ноябри соли 2014 омӯзиши минтақавӣ оид ба ҷинояти киберӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор гардид. Омӯзиш аз ҷониби Раёсати мубориза бар зидди таҳдидҳои фаромарзии САҲА бо иштироки Коллеҷи Донишгоҳи Дублин чун қисми чорабиниҳои Гурӯҳи таълимӣ оиди омӯзиши Европол доир ба кор бо кибер ҷиноятҳо ташкил карда шуд.
Мувофиқи Қарори Шӯрои Доимӣ таҳти рақами №1049, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо «ба мустаҳкамкунии иқтидор ва табодули маълумоту намунаҳои таҷрибаҳои беҳтарини таҳқиқи кибер ҷиноятҳо дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ мусоидат мекунаддар асоси эҳтироми ҳуқуқи инсон, озодиҳои асосӣ ва волоияти қонун» ва «ба давлатҳои иштирокчӣ барои комёбшавӣ ба чунин сатҳи иқтидори ташхиси техникӣ, ки барои пайвастшавӣ ба шабака оиди кибер ҷиноятҳо G8 24/7 лозим аст, дасти ёрӣ дароз мекунад».
Вохӯриҳои солонаи коршиносон оид ба масоили полис, ки солҳои 2008 ва 2012 барои ҳамаи давлатҳои иштирокчии САҲА ташкил шуданд, ба масоили «Мубориза бар зидди таҳдидҳои кибер ҷиноятӣ» бахшида шуда буданд. Иштирокчиён, ки ба шумораи онҳо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Осиёи Марказӣ шомил шуданд, ба зарурати таъсисдиҳӣ ва ба кор ҷалб намудани коршиносони салоҳиятдор ва боэътимод барои ҷузъу томҳои махсус оиди кибер ҷиноятҳо иқрор шуданд. Дафтару марказҳои САҲА дар Осиёи Марказӣ аллакай чанд чорабиниро роҷеъ ба масоили кибер ҷиноятҳо дар сатҳи миллӣ барпо намуданд. Конфронси байналмилалӣ оиди мубориза бар зидди кибер ҷиноятҳо дар ш. Душанбе моҳи июли соли 2013 баргузор гардида буд. Зимни гузаронидани конфронси мазкур ва дигар вохӯриҳо талабот ба омӯзишҳо барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ муайян шуда буд.
Дар кори омӯзиш дар ш. Бишкек кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок карданд. Омӯзиш ба мустаҳкамкунии иқтидори кормандони хадамотҳои оперативӣ ва муфаттишон, ки бо тафтишоти кибер ҷиноятҳо машғуланд, ва мутахассисони ташхиси криминилистӣ оид ба масоили кибер ҷиноятҳо, ҳамчунин ба онҳо дасти ёрӣ дароз кардан дар густариши равобит дар сатҳи минтақавӣ барои ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҳангоми гирифтани дархости муносиб равона шуда буд. Дар рафти омӯзиш иштирокчиён мавзӯъҳои зеринро баррасӣ карданд: «Кор бо тасвирҳо ва омезиш (ҷойивазкунӣ)», «Sleuthkit (тафтиши ҷиноят) ва таҳлили тартиби ҳуҷҷатгузорӣ», «Васоити/асбоби таҳлили шабакавӣ» ва ғайра. Тоҷикистонро дар омӯзиш кормандони Шӯъбаи мубориза алайҳи кибер ҷиноятҳои Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ ва воҳиди дахлдори КДАМ ҶТ намояндагӣ карданд. Пас аз фарҷоми омӯзиш иштирокчиён ба ҳамкорони хеш дар ҷойҳо донишу малакаи гирифтаашонро хоҳанд расонид.