Ҷаласаи ҳафтуми Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди байналмилалии Академияҳои полис дар Баҳрайн

Бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон роҳбарияти Академияи ВКД-ии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) дар нишасти ҳафтуми Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди байналмилалии Академияҳои полис (INTERPA), ки аз 21 то 23 октябри соли 2014 дар Баҳрайн шуда гузашт, ширкат варзид.

Ҳайати намояндагони ҶТ аз Сардори Академияи ВКД-и ҶТ генерал-майори милитсия Зоиров Ҷӯрахон, Сардори шӯъбаи молиявӣ ва иқтисодии Академияи ВКД-и ҶТ подполковники милитсия Собиров Аловиддин ва Ёрдамчӣ оид ба масоили мубориза бар зидди терроризм ва ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ҷ-би Умед Қурбонов иборат буд.  

Ба Кумитаи иҷроияи INTERPA намояндагони муассисаҳои олии таълимии полиси мамлакатҳои зерин шомиланд: Ҷумҳурии Беларус, Бразилия, Қазоқистон, Тунис ва Тоҷикистон. Дар чорабинӣ ҳамчунин намояндагони ВКД-и Туркия (Идораи марказии INTERPA), Баҳрайн, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ иштирок карданд.         

Дар рафти ҷаласа масоили зерин ба монанди муайян намудани сана ва макони аниқи баргузории конфронси 4-уми INTERPA, барномаи рӯзи конфронс, мундариҷаи мавзӯъҳо ва зермавзӯъҳои асосии он муҳокима шуданд. Дар байни дигар мавзӯъҳо, масоили омодагии кормандони полис дар мубориза бар зидди терроризм ва ҷинояти муташаккил, омӯзиши ҳайати шахсӣ дар хусуси таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар ҷараёни бетартибиҳои оммавӣ, чорабиниҳои варзишӣ, таъмини амнияти авиатсия, масоили ҳамкории политсия бо аҳолӣ баррасӣ шуд. Зимни нишаст ҳамчунин масъалаҳо вобаста ба: курсҳои пурсиш, идоракунӣ ва сарварӣ барои аъзоёни INTERPA, баҳодиҳӣ ба гузариш аз маҷаллаи электронии INTERPA роҷеъ ба тадқиқоти кормандони полис ба бюллетени электронии INTERPA, маълумотномаи коршиносони INTERPA оид ба амният, китобхонаи электронии INTERPA оид ба амният ва асосҳои тарҳрезии давомдори барномаҳои таълимӣ муҳокима шуданд.

Барои маълумот: Иттиҳоди байналмилалии Академияҳои полис (INTERPA) 2 июли соли 2011 дар шаҳри Истамбул (Туркия) бо иштироки намояндагони 24 муассисаҳои таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз 22 мамлакати ҷаҳон таъсис дода шуд. Иттиҳоди мазкур бо мақсади ташкил кардани майдони робитавӣ барои вусъатдиҳии рушди ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ байни муассисаҳои таълимии полис созмон ёфта, ба истифодаи самараноки манбаъҳои мавҷудбуда, табодули таҷрибаи пешқадам, амалисозии таҳқиқотҳои илмӣ ва таълимӣ дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ, маълумот ва таълим дар соҳаи полис равона шудааст. Дар айни замон ба иттиҳодия 46 иштирокчӣ аз 40 давлати ҷаҳон шомил мебошанд. Соли ҷорӣ ба INTERPA Академияи Костанаии ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон, Академияи полиси Камбодҷа ва Академияи полиси Саксонияи Поён (Олмон) ҳамроҳ шуданд.

Шарикон