Баргузории Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Федеретсияи Россия ва Тоҷикистон дар Хуҷанд

Дар мушовара Вазирҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Владимир Колоколтсев ва Рамазон Ҳамро Раҳимзода ҳамраисӣ карда истодаанд.

Дар барномаи рӯз масоили ҳамкориҳои ду идора дар мубориза бар зидди экстремизм, инчунин дурнамои ҳамкориҳо байни воҳидҳои ташхисӣ-криминалистии ВКД баррасӣ мегарданд.

Дар рафти муҳокимаи ҳуҷҷатҳо, ки онро гурӯҳи корӣ омода кардаасту ба он ҳамчунин намояндаи миллии лоиҳа оид ба ислоҳоти милитсия дохил аст, ҷонибҳо ба чунин фикру андеша омаданд, ки Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсияи барои солҳои 2014-2020 аз ҷониби ВКД ҶТ амалишудаистода метавонад як такони ҷиддӣ дар вусъатёбии ҳамкории мутақобилаи вазоратҳои корҳои дохилӣ гардад. Барномаи мазкур имкониятҳои навро баҳри рушди ҳамкориҳо дар самти мустаҳкамкунии иқтидори кормандон, аз он ҷумла масоили омӯзиш ва маълумоти касбии ҳайати шахсӣ, навкунии манбаи моддӣ-техникӣ ва афзоиши суръати иттилоотонии фаъолияти амалӣ беғаразона пешниҳод мекунад.

Зимни мушовара масъалаҳои дигари мутақобилан судманд низ муҳокима хоҳанд шуд.

Пешбинӣ шудааст, ки Протокол оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Созишнома оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз 21 августи соли 2007 ва инчунин Протокол оид ба ҳамкориҳои раёсатҳои таҳқиқи ВКД ФР ва ВКД ҶТ аз тарафи ҷонибҳо ба имзо расонида мешаванд.

Дар фарҷоми Мушовараи якҷоя, Нақшаи кории Мушовараи муштараки ВКД-и Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 тасдиқ гардида, ба имзо хоҳад расид.

Шарикон