Ҳайати намояндагони ВКД-и Сербия ба Тоҷикистон ташриф овард
- Details
- Нашр гардид 04 Август 2014
Бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ҳайати ВКД-и Сербия ба кишвари мо ташриф овард. Дар давоми сафари ду-рӯзаи хеш меҳмонон аз Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дидан карданд.
Муовини роҳбари Дафтар ҷ-би Ҳанс-Петер Ларсен онҳоро бо фаъолияти ташкилот оиди пешбурди ислоҳоти милитсия ва дигар лоиҳаҳои САҲА, ки дар Тоҷикистон татбиқ шуда истодаанд, шинос кард.
Сипас, меҳмонон аз Дастгоҳи марказии ВКД боздид карда, бо аъзоёни кормандони миллии Дафтари САҲА оид ба ислоҳоти милитсия ва бо роҳбарияти Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД ҶТ вохӯрӣ гузарониданд. Дар рафти сӯҳбат кормандони ВКД-и Сербия бо раванди ислоҳоти милитсия шинос шуда, маълумоти муфассалро оид ба барномаи ислоҳоти милитсия гирифтанд, ки он 3 майи соли ҷорӣ тасдиқ шуда буд.
Ҳангоми боздид аз Дастаи таъиноти махсуси милитсияи (ДТММ) ВКД, ҳайати намояндагон аз Сербия бо фаъолияти ДТММ ошноӣ пайдо карда, ба ҷойи тирпарронӣ, шӯъбачаи кинологӣ ва шӯъбачаи автотехникӣ ташриф оварданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки мубодилаи таҷрибаро дар самти мубориза бар зидди терроризм ва созмонҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, аз ҷумла дар шароити кӯҳистон, идома медиҳанд.
Мутобиқи барнома, меҳмонон ҳамчунин бо роҳбарияти Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили (РМЗҶМ) ВКД ҶТ вохӯрданд. Дар рафти мулоқот Сардори РМЗҶМ – полковники милитсия Сафиалло Девонаев бори дигар таъкид намуд, ки Тоҷикистон ба мубориза бар зидди зуҳуроти зерин ба монанди терроризм ва хариду фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир дучор шудааст ва меҳмононро бо натиҷаи фаъолияти зерсохторҳои ВКД оиди мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм шинос кард. Меҳмонон инчунин бо фаъолияти зерсохтори навтаъсисшудаи РМЗҶМ оид ба мубориза бар зидди ҷинояти кибернетикӣ, ки кормандони он танҳо дар давоми нимсолаи якуми соли 2014 дар самти мазкур 13 ҷиноятро ошкор кардаанд, ошноӣ пайдо карданд.
Аз рӯи гуфти корманди ВКД-и Сербия ҷ-би Любиша Момчилович, намояндагони ВКД-и Сербия ба роҳбарияти худ оиди натоиҷи ташрифашон ба Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод карда, политсияи Сербия ба зерсохторҳои ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм тавассути баргузории омӯзишҳо барои ҳайати шахсии ВКД ва семинарҳо барои кормандони оперативӣ мусоидат хоҳад кард.