Тренинги омӯзишӣ барои аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар доираи ислоҳоти милитсия дар як қатор шаҳру вилоятҳои кишвар чорабиниҳои омӯзишӣ барои аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия идома ёфта истодаанд.

Муфассал...

Мусобиқаи шашкаю шоҳмот дар шаҳри Исфара

Рӯзи 25-уми августи соли 2017 дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Исфара дар доираи баргузории чорабиниҳои кушоди шахсӣ-даставии варзишӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва омӯзишӣ, ки бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Дафтари он дар шаҳри Душанбе, ки аз санаи 21-ум то 30-юми августи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд амалӣ гардид, мусобиқаи кушоди шахсӣ-даставӣ аз намуди шашка ва шоҳмот миёни ҷавонону наврасони шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳотҳои Навгилем, Чоркӯҳ, Сурх ва Шӯроби шаҳри Исфара баргузор гардид.

Муфассал...

Баргузории мусобиқаи футболи хурд дар ноҳияи Б.Ғафуров

Бо ибтикори Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Дафтари он дар шаҳри Душанбе, силсилачорабиниҳои варзишӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ ва омӯзишии мусобиқаҳои кушоди шахсӣ-даставӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд баргузор гардиданд.

Муфассал...

Ашт: «Ҷавонон ва варзиш - зидди нашъамандӣ»

Тавре қаблан иттило дода будем, силсилачорабиниҳои варзишӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ ва омӯзишӣ бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва Дафтари он дар шаҳри Душанбе (САҲА) дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома ёфта истодааст.

Муфассал...

Шарикон