Машварати солонаи коршиносони давлатҳои иштирокчии САҲА оиди масоили фаъолияти полис дар Вена

Аз 19 то 21 сентябри соли 2012 дар Вена, Австрия Машварати ҳарсолаи коршиносони давлатҳои иштирокчии САҲА оиди масоили фаъолияти полис доир гардид. Соли ҷорӣ Машварат ба масоили мубориза бо киберҷинояткорӣ бахшида шуда буд.

Пеш аз Машварат сессияи коршиносони дафтарҳои САҲА, ки бо масъалаҳои гузаронидани ислоҳоти полис машғуланд, баргузор гардид. Аз Вазорати корҳои дохилӣ дар кори сессия Муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ, Ҳамоҳангсози миллӣ оиди масъалаҳои ислоҳоти милитсия Зумрад Солиева ширкат варзид. Дар кори сессия намояндагони тамоми идораҳои САҲА, ки дар минтақаҳои САҲА кушода шудаанд: Албания, Косово, Босния ва Ҳерсеговина, Монтенегро, Македония, Хорватия, Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, инчунин Украина иштирок намуданд.  

Барои маълумот: Намояндагиҳои САҲА ва дигар ташкилотҳо дар ин ё он минтақа – зуҳуроти асосии кори ташкилот мебошад. Онҳо ба мамлакатҳое равона мешаванд, ки тибқи ақидаи САҲА, барои дар ҳаёт татбиқ намудани қарорҳои сиёсӣ ба кӯмак мӯҳтоҷанд. Зимнан, САҲА дар ҳама марҳилаҳои рушди низоъ амал мекунад: огоҳонидани бармаҳал, дипломатияи пешгирикунанда, мусоидат дар ҳалли низоъ, эҳёи баъди низоъ. Умуман, вазифаҳо ва мақсадҳои намояндагиҳо чунинанд: мусоидат намудан ба он ҷараёнҳои сиёсие, ки  мақсади пешгирӣ ё ҳалли низоъро доранд, ва инчунин таъмин намудани огоҳии саривақтии намояндагони САҲА дар бораи пешравии вазъи мамлакат ё минтақаи мазкур. Вазифаҳо, мақсадҳо ва ҷалби намояндагиҳо ба ҷараёнҳое, ки дар ин ё он мамлакат рух медиҳанд, метавонанд хеле тағйир ёбанд ва бо ин тағйирпазирии ин олати танзимро таъкид мекунанд.

Аммо барои ҳамаи намояндагиҳо масъалаҳои асосӣ масоили иҷтимоӣ, демократӣ ва таъмини қудрати қонун мебошанд.

Дар назди иштирокчиёни сессия баромад намуда Зумрад Солиева қайд намуд, ки Ёддошти тафоҳум оиди якдигарфаҳмии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА роҷеъ ба масъалаҳои гузаронидани ислоҳоти милитсия моҳи феврали соли 2012 ба тасвиб расид ва аз 25 феврали соли 2012 ба ҳукми қонун даромад. «Ин бошад, - гуфт Солиева - маънои онро дорад, ки Тоҷикистон оиди иҷрои қисматҳои Ёддошти тафоҳум ба худаш ӯҳдадорӣ мегирад, САҲА бошад, ҳамчун Тарафи аҳдкунанда инчунин барои рафти гузаронидани ислоҳоти полиси маҳаллӣ, ки фаъолияташ бояд аз рӯи принсипҳои демократии муосир ва арзишҳои умумибашарӣ бурда шавад, масъулият дорад».

Зимни суханронӣ роҷеъ ба ҷаласаҳои доиршудаи Гурӯҳи корӣ оиди идораи ислоҳоти милитсия Солиева қайд намуд, ки 13 июли соли 2012 Низомнома оиди Зергурӯҳи корӣ «Мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия», ки бо ташаббуси дафтари САҲА таъсис ёфт, тасдиқ карда шуда буд. Ба таркиби гурӯҳ намояндагони фаъолтарини ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, маҳз, ҳуқуқдонҳои машҳур, намояндагони ВАО, зиёиён ва ТҒД-и мухталиф шомил гаштанд. Вазифаҳои зергурӯҳ барои давраи наздиктарин таҳия ва тасдиқи Консепсияи ҳамкории полис ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, бурдани назорати новобаста аз тарафи ҷомеаи шаҳрвандӣ аз болои фаъолияти полис дар ҷойҳо, инчунин ташкили комиссияи махсус оид ба назорат аз болои риоя намудани қонуният ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар полис, аз он ҷумла, дорои ҳуқуқи мониторинг ва тафтишоти хидматӣ нисбати кормандони полис бо мақсади таъмини қонуният  ва афзудани  кафолати риояи ҳуқуқи инсон дар фаъолияти полис мешаванд.

Баъди сессияи намояндагиҳои САҲА Машварати солонаи коршиносони полис дар мавзӯи «Мубориза бо таҳдиди киберҷинояткорӣ», ки дар он роҳбарон ва коршиносони мақомоти полис ва дигар мақомоти аксари давлатҳои иштирокчии САҲА, ки дар зидди амали киберҷинояткорӣ ихтисосманданд, ширкат варзиданд. Чорабинии мазкур зиёда аз 76 коршиносони миллӣ ва байналмилалиро аз 37 мамлакат ҷамъ намуд. Коршиносони байналмилалӣ баромадҳое карданд, ки ба тадқиқоти ахири мисолҳои мушаххасе, ки таҷрибаи пешқадами таҳқиқро намоиш медиҳанд. Намояндагони бахши хусусӣ ва доираҳои илмӣ имконияти фароҳам овардани равобити мутақобилаи самараноки шарикиро бо бахши адлияи ҷиноятӣ дида баромаданд.

Диққати асосӣ ба такмил ва тавсияи иқтидори ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар тафтиши ҳама намудҳои киберҷинояткорӣ бо провайдерҳои хадамоти интернет ва сектори хусусӣ иштирок мекунанд, дода шуд. 

Бо кушодани ҷаласа Намояндаи Раиси Амалкунандаи САҲА аз Ирландия Сафир Йон О'Лири қайд кард, ки аллакай дар давоми якчанд сол мавзӯи киберҷинояткорӣ боиси ташвиши/хавотирии ҷиддии ҷомеаи байналмилалӣ мебошад. «Бо мақсади муборизаи самаранок бо ин таҳдид мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд имконияти ба ҷиноятҳои дар ин соҳа содиршаванда зуд аксуламал/эътино карданро дошта бошанд  – гуфт Йон О'Лири – дар баробари ба муфаттишон додани имконияти гузаштани омодагии ҳозиразамони касбӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва провайдерҳои хадамоти интернетӣ бояд механизмҳоеро таҳия созанд, ки алоқаи самаранок ва ҳамкориро бо кормандони худ таъмин намоянд».

Дар Машварат намояндаи Тоҷикистон, Сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД, генерал-майори милитсия Ҷӯрахон Зоиров низ бо маърӯза баромад намуд. Зарурати тақвияти ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавиро дар соҳаи мубориза бо киберҷинояткорӣ қайд намуда, Зоиров ба масъалаҳои мубориза бо кибертерроризм аҳамияти махсус дод.

«Ҳоло фикру ақидаҳои экстремистӣ дар фазои Интернет, ки ҳангоми иҷрои фитнаҳои экстремистӣ ва амалҳои террористӣ ҳамчун воситаи алоқа ва ҳамоҳангсозӣ низ хизмат мекунанд, фаъолона амал мекунанд», – қайд намуд  Зоиров – «Зимнан гурӯҳҳои экстремистӣ барои бурдани ташвиқот, ҷалбкунии аъзоёни нав ва ҳамоҳангсозии амалҳои зидди ҳуқуқии худ технологияҳои шабакавии Интернетро фаъолона истифода мебаранд.

Дар чунин сомонаҳо ба монанди «Фургон.ком», «Ислом-Дин, «Ҷамоат-Шариат» ва дигарон ақидаҳои экстремизми динӣ ташвиқ карда мешаванд, даъватҳо барои амалисозии фаъолияти террористӣ ва сарнагунсозии ҳокимияти қонунӣ нашр мешаванд ва амалҳои террористии рухдодаистода, куштори (қатли) кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ писандида мешавад. Аксари чунин намуди сомонаҳо дар сегменти хориҷии шабакаи Интернет ҷойгир карда мешаванд». «Маҳз барои ҳамин» – пешниҳод намуд Зоиров – «оиди зидди амали паҳншавии идеологияи радикалии экстремистӣ, аз он ҷумла бо истифодаи шабакаи Интернет ва қатъсозии маблағгузории фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии экстремистӣ ва террористӣ қадамҳои якҷоя андешидан зарур аст».

Баромади Зоиров дар толор муҳокимаи гарму ҷӯшонеро ба вуҷуд овард ва раисикунандаи Машварат ҷаноби Кнут Дрейер, роҳбари Шӯъба оиди масъалаҳои стратегии полиси Котиботи САҲА бо назардошти баромади намояндаи Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки машварати Минтақавии коршиносони соҳаи полис оиди мубориза бо киберҷинояткорӣ ва кибертерроризм дар давлати мо гузаронида шавад.

Дар анҷоми Машварат коршиносон тавсияҳо омода карданд, ки дар байнашон ба монанди фаъолияти муштараки Бахши адлияи ҷиноятӣ бо хидматгузорони интернет ва бахши хусусӣ дар таҳияи талаботҳои хирадмандона нисбати ҳифзи маълумот, ташкили мусоидат аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба пешравии барномаҳои пешгирии киберҷинояткорӣ, баррасии масъалаҳои таҳияи стратегия оиди мубориза бо киберҷинояткорӣ барои минтақаи САҲА ва дигарон буданд. Дар рафти сафар ҳайати намояндагони ВКД ҶТ як қатор вохӯриҳои муҳимро бо кормандони масъули Саридораи САҲА гузаронд.    

Шарикон