Бо дастгирии САҲА семинарҳои омӯзишӣ барои кармандони шуъбачаҳои милитсия дар ноҳияҳои Рудакӣ ва Ҳисор гузаронида шуданд

11 ва 18 октябри соли равон семинарҳои махсус барои кормандони Мақомотҳои корҳои дохили, шуъбачаҳои милитсияи минтақаи Эсанбой ШВКД ноҳияи Рудаки ва шуъбачаи милитсияи Калъаи Ҳисор ШВКД ноҳия Хисор ташкил ва гузаронида шуданд.

Дар ин дарсҳои омӯзишӣ намояндаҳои ВКД ҶТ, ва муовини сардори шуъбаи хизматии РХТҶ ВКД иштирок намуданд. Дарсҳои омӯзишии мазкур барои баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии кормандони МКД равона карда шуда буданд.

Семинари мазкур мавзуҳои зеринро дар бар гирифт: « Ҷавобгарии ҷинояти ва маъмури оид ба ҳодисаҳои зуровари дар оила», «Тартиби бақайдгирии оилаҳои носолим ва шахсе, ки зуровари дар оила содир кардааст” ва “Вазифаҳо ва функсияҳои нави Мақомотҳои корҳои дохили оид ба пешгирии зуровари дар оила”.

Ба ҳайси тренерон корманодони ВКД ҶТ ва мутахассисон дар соҳаи пешгарии зуровари дар оила даъват шуда буданд.  Дар охир аз тарафи кормандони шуъбачаҳои милитсия як қатор пешниҳодҳо оид ба гузаронидани чунин чорабиниҳо дар тамоми минтақаҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳури ба миён гузашта шуд. Бо гуфтаҳои иштирокчиён бо гузаронидани чунин семинарҳои омузишӣ малакаҳои кормандони шуъбачаҳои милитсия баланд хоҳад шуд. Омӯзиши мазкур бо дастгирии молиявии Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе ташкил шуд.

Баъд аз семинари омузишӣ, вохури бо аъзоёни Шурои чамъиятӣ, нозирони ноҳияви ва намонядагони ҷамоатҳои ноҳияҳои Рудаки ва Ҳисор баргузор гардид. Дар рафти вохури иштирокчиён бо ҳисоботи солонаи фаъолияти шуъбачаи нави милитсияи джамоати Эсанбой, ки моҳи ноябри соли 2018 кушода шуда буд, шинос гардиданд.

Шарикон