Ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ оид ба ислоҳоти милитсия

27.08.2019 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ, вохӯрии ҳамоҳангсозӣ оид ба ислоҳоти милитсия бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ Умарзода Икром Ислом, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майор Шодмонзода Фарҳодбек, роҳбарияти саррайёсату раёсатҳои дастгоҳи марказӣ, Академияи ВКД, инчунин роҳбарият ва намояндагони ташкилотҳои Дафтари САҲА ва ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» баргузор гардид.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, оғоз намуда ҳозиринро барои иштирокашон дар ҷаласаи ҳамоҳангсозии шарикони иҷтимоӣ дар ислоҳоти милитсия арзи сипос намуд. Умарзода Икром Ислом аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро иштирокчиёни ҳамоишро барои кӯмакҳои машваратӣ, техникӣ ва молиявӣ дар самти такмил додани инфрасохтори Вазорати корҳои дохилӣ, инчунин баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии кормандон миннатдорӣ баён намуд. Mавсуф зикр кард, ки яке аз вазифаҳои асосии милитсия ин барқарор намудани ҳамкории зич бо аҳолӣ мебошад. Мақсад аз баргузории ҳамоиши имрӯза низ фаъолияти дастаҷамъонаи Вазорати корҳои дохилӣ ва шарикони иҷтимоиро дар раванди ислоҳоти милитсия натиҷагирӣ намуда, баҳри татбиқи самтҳои ислоҳоти милитсия дар ҳамбастагӣ тамоми имконияту воситаҳоро амалӣ гардонидан мебошад.

 

Зеро наздик кардани милитсия бо аҳолӣ, афзоиши эътимоди шаҳрвандон нисбати мақомоти корҳои дохилӣ ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи корманди милитсия байни мардум яке аз самти асосии ислоҳоти милитсия ба шумор меравад.
Дар идомаи чорабинӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳодбек дар баромади худ аз самтҳои раванди ислоҳоти милитсия, корҳои то ба имрӯз дар ин самт ба сомон расонидашуда ва натиҷаи фаъолияти самарабахши онҳо дар ВКД суханронӣ намуд. Ҳамоҳангсози миллӣ Шодмонзода Фарҳодбек қайд кард, ки то ин ҷониб зиёда аз 50 марказҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа, шӯроҳои ҷамъиятӣ, шуъбачаҳои сайёҳӣ ва нозирон оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар ШВКД-ҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсис ва фаъолият намуда истодаанд, ки дар пешрафти самти фаъолият ва ҳамкории шаҳрвандон бо милитсия саҳми арзанда доранд.
Инчунин дар баромади худ оид ба нақша-чорабиниҳо ва ҳамкории шарикони иҷтимоии ВКД дар раванди ислоҳоти милитсия назди ҳозирин ибрози андеша намуд.

Сипас роҳбари ташкилоти байналмилалии Дунёи бехатар (Сейферворлд) Хирад Каргасов аз ҳамкориҳои судманди ВКД дар ин раванд суханронӣ намуда зикр кард, ки то кунун дар ҳамбастагӣ бо ВКД дар шаҳру ноҳияҳои манотиқи ҷумҳурӣ даҳҳо вохӯриву чорабиниҳо оид ба ислоҳоти милитсия бо аҳолӣ гузаронида шудааст, инчунин лоиҳаҳое, ки то ба имрӯз ба нақша гирифта шудааст қисмате иҷро ва қисмати дигар амалӣ гардида истодаанд. Дар идомаи ҷаласа намояндаи дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе, оид ба мусоидат ба раванди ислоҳоти милитсия Баҳром Абдуллоев ва афсари миллии САҲА оид ба алоқа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Ҳайдар Маҳмадиев аз кӯмакҳои техникии расонидашуда, лоиҳаҳои амалигардида ва нақша-чорабиниҳои дурнамои барномаи мазкур баромад намуданд. Ҳамчунин дар ҷаласаи баргузоргардида иштирокчиён баҳри пешрафт ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидан ва тақвият ёфтани ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ таклифу пешниҳодҳои судманд баён намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом бори дигар ҳозиринро барои иштирок ва саҳми арзандаашон дар раванди ислоҳоти милитсия миннатдорӣ намуда қайд кард, ки ҳар яки моро зарур аст, шурӯъ аз афсари қаторӣ то роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ҳарчи бештар роҳу усулҳои самараноки ҳамкории милитсия бо ҷомеаро коркард ва роҳандозӣ намоем, то ин ки сазовори эътимоди мардум бошем.

Шарикон