Оғози Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ оид ба «Баланд бардоштани иқтидори ҳамкории милитсия бо ҷомеа»

Имрӯз (03.08.с.2018), дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани иқтидори ҳамкории милитсия бо ҷомеа» оғоз гардид.

Бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Роҳбари Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе хонум Туула Юрёля, Кордори муваққатии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ҷаноби Кевин Коверт, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҷопон дар Тоҷикистон ҷаноби Хаджимэ Китаока, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, Ҳамоҳангсозӣ миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳодбек Алиёр, намояндагони Сафоратҳои Англия, Швейтсария, Олмон, Созмони Милали Муттаҳид, ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар», аъзоёни Шӯроҳоибо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Роҳбари Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе хонум Туула Юрёля, Кордори муваққатии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ҷаноби Кевин Коверт, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҷопон дар Тоҷикистон ҷаноби Хаджимэ Китаока, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, Ҳамоҳангсозӣ миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳодбек Алиёр, намояндагони Сафоратҳои Англия, Швейтсария, Олмон, Созмони Милали Муттаҳид, ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар», аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидат ба ислоҳоти милитсия, нозирони минтақавӣ, дружиначиёни ихтиёрӣ, кормандони ғайриштатии милитсия, гурӯҳи «Пешоҳанг» ва дигар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Мизи мудаввари ҷумҳуриявиро муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом оғоз намуда, ҳозиринро хайра мақдам гуфта, ба шарикони иҷтимоӣ дар самти амалисозии Стратегияи ислоҳоти милитсия, Консепсияи ҳамкории милитсия бо ҷомеа ва дастгирии техникӣ ва молиявӣ изҳори миннатдорӣ кард.
Сипас, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, меҳмонон ва намояндагони созмону ташкилотҳои байналмилалиро «Хуш омадед» гуфта, зикр кард, ки «Пеш аз ҳама вобаста ба ҳодисаи мудҳишу ғайриинсонӣ, ки якчанд рӯз пеш нисбати шаҳрвандони хориҷӣ рух дод ва 2 шаҳрванди Амрико, 1 шаҳрванди Швейтсария ва 1 шаҳрванди Нидерландия ба ҳалокат расиданд, ман ба намояндагони Сафорати ИМА ва Иттиҳоди Аврупо изҳори тасаллият менамоям. Дар тамоми ҷаҳон ба вуқӯъ омадани чунин ҳодисаҳо ҳамаи моро водор месозад, ки бояд муттаҳид шавем. Ин ҷинояти мудҳиш дар муддати кӯтоҳ бо дастгирии ҷомеа ва мардум кушода шуд, ки ин аз тақвият ёфтани ҳамкории милитсия бо мардум шаҳодат медиҳад».

Дар идомаи Мизи мудаввар Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Р.Ҳ. доир ба амалисозии ислоҳоти милитсия бо дастгирии САҲА ва дигар шарикони иҷтимоӣ ва таъсис додани Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар назди ВКД ва РВКД-ҳо дар тамоми шаҳру вилоятҳо ибрози андеша намуда, қайд кард, ки имрӯз дар ин чорабинӣ аз 54 минтақаҳои ҷумҳурӣ аъзоёни 29 Шуроҳои ҷамъиятӣ иштирок доранд.
Қобили зикр аст, ки дуруст ба роҳ мондани раванди ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳамкории зичи милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб ёфта, яке аз маҳакҳои асосии ислоҳот ба шумор меравад.
Дар идомаи ҷаласа Роҳбари Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе хонум Туула Юрёля баромад намуда, нахуст миннатдории хешро ба Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои дастгирӣ ва ташкил намудани чунин Мизи мудаввар, ки намояндагони 29 Шӯроҳои ҷамъиятӣ даъват шудаанд, изҳор кард. Хонум Туула Юрёля иброз кард, ки дар навбати аввал аз фурсати муносиб истифода бурда, ба Сафири ИМА изҳори ҳамдардӣ менамоям. Ин мушкилоти ҷаҳонӣ ва глобалӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, мо бисёртар таваҷҷӯҳи худро ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа равона кардаем. Имрӯз дар сохтори милитсия ислоҳот ҷараён дорад ва яке аз самтҳои асосии он ин беҳтар намудани ҳамкории милитсия бо ҷомеа мебошад. Ва дар ин раванд нақши Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидат ба ислоҳоти милитсия хеле муҳим мебошад.
Ҳамчунин Кордори муваққатии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ҷаноби Кевин Коверт дар ҷараёни Мизи мудаввар баромад намуда, нахуст барои таъзия ва дастгирӣ ба ҳозирин изҳори миннатдорӣ намуд.

Мавсуф қайд намуд, ки ин ҳодисае, ки ба наздикӣ рух дод, ин чеҳраи аслии Тоҷикистонро нишон намедиҳад. Ин Тоҷикистоне нест, ки ман ӯро мешиносам ва дӯст медорам. Аъзои оилаи ман, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ менамоянд, дар амн ва бехатаранд ва хушбахт ҳастанд. Фавран ошкор шудани ин ҷиноят натиҷаи фаъолияти кормандони милитсия ва аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятист. Ҳамкорӣ миёни мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷамъият зарур аст. Танҳо дар якҷоягӣ ва ҳамкорӣ мо метавонем алайҳи ифротгароӣ ва тундгароӣ мубориза барем. Дар идомаи чорабинӣ Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҷопон дар Тоҷикистон ҷаноби Хаджимэ Китаока зимни баромади худ ба Сафорати ИМА ва Иттиҳоди Аврупо вобаста ба ҳодисаи рухдода изҳори ҳамдардӣ намуда, ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои ҳаллу фасли фаврии ин ҷиноят сипосгузорӣ намуд. Мавсуф зикр кард, ки донистани нерӯ дар ҷомеа як афзалият аст ва бартарӣ нисбати душман мебошад. Ҳар як аъзои ҷомеа имрӯз бояд бедор ва ҳушёр бошад.

Гул Маҳбуба, Раҷаббек Илёсов.

Шарикон