Аъзоёни Шӯрои ҷамъияти оид ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД-и Рашт дар тренинги омӯзишии САҲА оиди ислоҳоти милитсия иштирок карданд

Беҳтар намудани механизми ҳамкории байни милитсия ва ҷомеа мавӯъи ассосии муҳокима дар тренинги омӯзишӣ буд, ки он аз тарафи Дафатри барномаҳои САҲА дар Душанбе ва ташкилоти байналхалқии Saferworld ташкил карда шуд. Тренинги омӯзишӣ дар бинои РВКД-и минтақаи Рашт аз санаи 19 то 21 июли 2017 барзузор гардид.

 

Ҳабдаҳ нафар иштирокчиён аз аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия (ШҶ) дар назди РВКД-и минтақаи Рашт, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД ҶТ, намояндагони Saferworld ва кормандони РВКД-и минтақаи Рашт дар тренинги омӯзишӣ иштирок варзиданд.

Иштирокчиёни тренинг мавзӯъҳои беҳтар намудни механизмҳои ҳамкории байни милитсия ва ҷомеа ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ оид ба ислоҳоти милитсияро баррасӣ карданд ва инчунин савияи донишу малакаи худро оиди омодасозии баромадоҳо (презентатсия) дар назди ҷомеа баланд бардоштанд.

Дар рӯзи дуюми тренинг иштирокчиён бо таъғиру иловаҳои Низомномаи ШҶ аз наздик шинос шуданд. Аъзоёни ШҶ пешниҳод карданд, ки барои такмил додани Низомнома ШҶ бояд гурӯҳи ҳамоҳангсоз аз байни намояндагони ҳар як ШҶ ташкил дода шавад.

Рӯзи сеюми тренинг барои баланд бардоштани малакаи иштирокчиён  дар омодасозии презентатсия дар барномаи Power Point равона шуда буд. Усули омӯзиш ва масъалаҳои додашуда аз тарафи тренерони маҳаллӣ ба иштирокчиён хеле маъқул омад.

Шарикон