ВКД, САҲА ва Saferworld ба аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ дар Хоруғ оиди ислоҳоти милитсия омӯзиш мегузаронанд

ХОРУҒ, Тоҷикистоан (18 августи 2017) Имрӯз тренинги омӯзишии 3-рӯза оиди санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон ба итмом расид, ки он барои аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия (ШҶ) дар назди Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВКД) равона шуда буд. Омӯзиш дар меҳмонхонаи Serena Inn-и шаҳри Хоруғ доир гардида аз тарафи Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва шарики ҳамкори он Saferworld ташкил ва гузаронида шуд.  

Дар тренинги омӯзишӣ 16 нафар аз ШҶ-ии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД, намояндагони Saferworld ва кормандони Раёсати ВКД-и ВМКБ ташриф оварданд.

Дар тренинг иштирокчиён стратиегияву барномаи ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон, Низомномаи ШҶ ва инчунин мавзӯъҳои беҳтар намудани ҳамкории байни милитсия ва ҷомеаро муҳокима карданд. Дар дуюм рӯзи тренинг аъзоёни ШҶ дар омода намудан баромадҳо ва презентатисяҳо бо истифода аз Power Point малакаву донишҳои худро сайқал доданд. Донишу малакаҳои дар рафти тренинг гирифташуда ба аъзоён ШҶ барои гузаронидани вохуриҳои самаранок бо аҳоли кӯмак хоҳад кард.

Мутахассисони миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия ва тренери касбӣ оид ба омода намудани баромадҳо омӯзиши мазкурро гузарониданд.

Шарикон