Сафари омӯзишии ҳайати Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Молдова

Аз 17 то 20 декабри соли 2014 Дафтари САҲА дар Тоҷикистон сафари кории ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати мубодилаи таҷриба ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Молдова ташкил намуд. Ин сафар ба шиносоӣ бо натиҷаҳои ислоҳоти милитсия дар Молдова, ташкили ҳамкориҳои мутақобил байни полис ва ҷомеа, мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ ва хариду фурӯши инсон, ҳамчунин шиносоӣ бо системаи баҳисобгирии электронии маълумоти аҳолӣ бахшида шуда буд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро шахсони зерин муаррифӣ карданд: Роҳбари Гурӯҳи корӣ - Муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром, Сардори Раёсати ташхисӣ-криминалистии ВКД генерал-майори милитсия Муҳаммадиев Муҳаммадӣ, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД полковники милитсия Бобоназарзода Алӣ, Сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Солиева Зумрад, Муовини сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД полковники милитсия Ятимов Ҳотам, Муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ подполковники милитсия Сафаров Нуралӣ, Сардори шӯъбаи ташкиливу таҳлилӣ ва штатии Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД подполковники милитсия Қурбонов Рустам ва Ёвари Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД лейтенанти калони милитсия Бобоҷонов Хушбахт.

Дафтари САҲА-ро дар Тоҷикистон Афсари миллии равобит оид ба масъалаҳои ислоҳоти милитсия Маҳмадиев Ҳайдар ва Афсари лоиҳаи ислоҳоти милитсия Одинаев Фирдавс муаррифӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот, Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Икром Умарзода Котиби Кумитаи миллӣ оид ба мубориза бо хариду фурӯши одамон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Молдова ва Сармушовири Раёсат оиди сиёсат, банақшагирии стратегӣ ва кӯмаки хориҷии Дафтари коргузории давлатӣ хонум Екатерина Бережанро хуш пазируфта, миннатдории хешро барои ташкили вохӯрӣ ва истиқболи гарм дар Хонаи Ҳукуматии Молдова баён кард.

Ҳайати намояндагон аз Тоҷикистон инчунин имконияти шиносоӣ бо фаъолияти Вазорати ҳифзи иҷтимоӣ, оила ва кӯдаки шаҳри Кишинёвро доштанд.

Зимни сафар ҳайати роҳбарии ВКД ҶТ ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Молдова ташриф оварданд, ки дар он ҷо бо роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва воҳидҳои он мулоқот доир гардид. Дар рафти вохӯриҳо, ҳайати Тоҷикистон бо раванди татбиқи ислоҳоти полис дар Ҷумҳурии Молдова ошно гардиданд. Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Молдова оид ба рафти ислоҳоти полис, захираҳои ислоҳот, тартиботи ислоҳоти полис, тағйирот ва усулҳои идоракунии он, муқаррарот ва вазифаҳои полис дар ҷомеаи муосир, стандартҳои ташкилот ва фаъолияти полис, сохтори ташкилоти полис, инчунин оид ба идоракунии захираҳои инсонӣ дар полис маълумот дод.

Сипас вохӯрии меҳмонон бо роҳбарияти Сарраёсати таҳлил, назорат ва баҳогузории сиёсати ВКД ва ҷузъу томҳои он, инчунин бо роҳбарияти Нозироти генералии полиси ВКД ва воҳидҳои он, бо роҳбарияти Маркази мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон баргузор гардид.

Шарикон