Семинари САҲА оид ба ҳамкории байналхалқӣ байни Қирғизистону Тоҷикистон дар соҳаи парвандаҳои ҷиноятӣ

Рӯзи 17 ноябри соли 2014 семинари дурӯза оиди ҳамкории байналхалқӣ байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура ва ҳокимияти марказии Тоҷикистону Қирғизистон дар Бишкек оғоз гардид.

Иштирокчиёни семинар асосҳо, механизмҳо ва воситаҳои ҳуқуқиро муҳокима хоҳанд кард, ки он ба афзоиши тафтишоти фаромарзии ҷинояти муташаккил иҷозат медиҳад. Ин дар навбати худ, механизмҳои табодули маълумотро байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура ва ҳокимияти марказии ҳар ду мамлакат беҳтар мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро кормандони Бюрои Марказии Миллии «Интерпол»-и ВКД ҶТ, шӯъбаи мубориза бар зидди терроризми динии ВКД ҶТ, шӯъбаи робитаҳои байналмилалии ҳуқуқии Вазорати адлияи ҶТ, шӯъбаи ҳуқуқии Вазорати адлияи ҶТ, шӯъбаи ҳамкориҳои байналмилалии КДАМ ҶТ, раёсати назорат аз болои қонунияти қарорҳои судҳо нисбат ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи Генералии ҶТ, шӯъбаи ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ва шӯъбаи мубориза бар зидди терроризм ва ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд.

«Пас аз ташкили шаш семинари минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ мо, дар баробари такмилдиҳии робитаи фаромарзӣ байни ду кишвар, хоҳишманди баргузории як қатор семинарҳои наву бештар мукаммал кардашуда мебошем», - иброз намуд ҷ-би Ги Винет Сардори шӯъбаи масоили стратегии фаъолияти милитсия (ШМСФМ), Раёсати таҳдидҳои фаромарзии САҲА. «Семинари мазкур барои Дафтари САҲА дар Тоҷикистон бо мақсади мустаҳкамкунии равобити фаромарзӣ байни ду кишвар ба ҳайси муттако баҳри вохӯриҳои мунтазам байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон ва Тоҷикистон, ҳамчунин байни Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва Маркази САҲА дар Бишкек хизмат мекунад».   

Раёсатҳои ҳуқуқии Вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон чаҳорчӯбаҳои амалкунандаи ҳамкории байниидоравии ду давлатро пешниҳод хоҳанд кард.

Зимни семинар ҳозирин дарсҳои амалӣ доир ба парвандаҳои ҷиноии воқеӣ хоҳанд дошт, ки он ба равобити байниидоравии фаромарзӣ алоқамандӣ дорад. Чунин дарсҳои амалӣ ба воситаи асосҳои ҳуқуқии ҷорӣ бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар мубориза алайҳи ҷинояти фаромарзӣ гузаронида мешаванд.  

Раёсати таҳдидҳои фаромарзии Идораи марказии САҲА дар Вена, Маркази САҲА дар Бишкек ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ин чорабиниро дар ҳамоҳангсозӣ бо Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва бо ВКД Қирғизистон ташкил карданд.

Шарикон