Конфронс дар Вена оиди мубориза бар зидди таҳдиди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Рӯзҳои 27 - 28 октябри соли 2014 дар шаҳри Венаи Австрия конфронс дар мавзӯи «Ҷалб намудани ниҳодҳои ғайриқудратӣ ҷиҳати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ихроҷи моддаҳои химиявӣ -прекурсорҳо» бо дастгирии Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) доир гардид.

Дар кори конфронс намояндагони давлатҳои иштирокчии САҲА ва чунин ташкилотҳои байналмилалӣ ба монанди Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (СММ РММҶ), Гурӯҳ оиди таҳияи чорабиниҳои молиявӣ (муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) маблағҳои пулӣ) (FATF) ва дигарон ширкат варзиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро Сардори Шӯъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники х.н.м.н. Алишер Ташрипов, Мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Қузратулло Ғуломов ва Ёвари лоиҳа оиди ислоҳоти милитсияи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Умед Аминов муаррифӣ карданд.

Иштирокчиёни конфронс мушкилоти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ихроҷи прекурсорҳои химиявӣ дар доираи ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои ғайриқудратӣ, аз ҷумла сохторҳои тандурустӣ ва иҷтимоӣ, баррасӣ карданд. Дар чорабинӣ ҳамчунин масоили амалии ҳамкорӣ, беҳбудӣ ва бартараф кардани монеаҳо дар раванди назорати ғайриқонунии моддаҳои нашъадор ва прекурсорҳо дар саноати кимиёвӣ ва нақлиёт муҳокима гардид.

Тибқи баҳои коршиносон, дар Аврупо зиёда аз 1 миллион нафар моддаҳои нашъадори афюниро истеъмол мекунанд, зиёда аз 350 намуди мухаддирот, ки 80 намуди онҳоро моддаҳои нави тиракунандаи ақл дарбар мегирад. Ҳамаи ин ғайриқонунӣ истифода бурда мешавад. Аз ин лиҳоз, барои пешгирии ихроҷи прекурсорҳои кимиёвӣ зарурати беҳтарсозии мубодилаи босуръати маълумот ҳам нисбати гардиши қонунӣ ва ҳам нисбати гардиши ғайриқонунии прекурсорҳо, додани иҷозат ба хариду фурӯши прекурсорҳо, санҷиш, назорати содирот ва воридоти маводи мухаддир ва ғайра вуҷуд дорад. Дар ҷараёни бахш оиди кор бо саноати нақлиёт ва идораи сарҳадот дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, масъулияти ширкатҳои нақлиётӣ, ки дар интиқоли мухаддироти ғайриқонунӣ бо роҳҳои хушкӣ, обӣ ва ҳавоӣ метавонанд истифода бурда шаванд, муҳокима гардид. Таъсис назорати ҷиддӣ аз болои таъмину таҳвили прекурсорҳо аз ҷониби истеҳсолкунандагон ва ширкатҳои тиҷоратӣ тавсия дода шуд.

Коршиносони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз давлатҳои иштирокчии САҲА мисолҳои мушаххаси ҳамкории фаромарзиро байни хадамотҳои дахлдори сарҳадӣ ва гумрук дар самти муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумла аз Афғонистон ба давлатҳои шомили САҲА, баррасӣ карданд. Инчунин чораҳоро ҷиҳати мустаҳкамкунии ҳамкории байналмилалӣ дар таъминкунии боназорат ва пешгирии коррупсия дар сарҳадот дида баромаданд.      

Дар бахш оиди дастгирии тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарӣ ҳангоми ҳамкорӣ бо сохторҳои тандурустӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ, дар мавзӯи усулҳои нав ва таҳқиқотҳои нави илмӣ дар истифодабарии ғайриқонунии моддаҳои нашъаовар, зарар аз истифодаи онҳо, ҳамчунин корҳои пешгирикунандаи зиддинашъамандӣ табодули афкор сурат гирифт. Ҳозирин бо сабақҳои гирифта аз ҳамкориву чорабиниҳои муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо сохторҳои тандурустӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ бо мақсади пешгирии нашъамандӣ, паст намудани савдои ғайриқонунии маводи нашъадор ошно шуданд. Тафсири стратегияҳо ва амалҳои ҳифзи ҳуқуқ дар сатҳҳои миллӣ ва байналмилалӣ, гузоштани афзалиятҳо дар чораҳои пешгирикунанда алайҳи ҷиноят вобаста ба маводи мухаддир, мавҷудият ва дастрасии системаи тандурустӣ, амалҳои пешгирикунанда, ки ба паст намудани сатҳи сӯиистеъмоли нашъа ва вобастагӣ аз онҳо муаррифӣ карда шуд.

Ва ниҳоят, бахши хотимавӣ дар мавзӯи: «Имконияти омӯзиши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии мухаддирот ва пешгирии ихроҷи прекурсорҳо» ба омӯзиши касбӣ ва махсусгардонидашуда бахшида шуда буд. Доир ба масъалаи мазкур таҷриба ва усули кори якчанд муассисаҳои таълимӣ пешниҳод шуд. Роҳбарияти ин муассисаҳо баромад карда, ҷиҳати таҷрибаи хеш дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ гуфта доданд. Инчунин дар бахши мазкур масоили зарурати омӯзиши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бахши хусусӣ, ки дар ташкили назорати гардиши  маводи мухаддири манъкардашуда ва прекурсорҳо ҳавасманданд муҳокима шуданд.

Шарикон