Ҷамъбасти мизи мудаввар барои баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба политсия”

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, аз 8 то 11 октябри соли 2014 дар бинои РБДА ВКД ҶТ мизи мудаввар барои  баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба политсия” баргузор гашт.

Муовини Вазири корҳои дохилии ҶТ генерал-майори милитсия Умарзода Икром чорабиниро кушода эълон карда, ба Дафтари САҲА дар Тоҷикистон барои мусоидати пайваста ба Вазорати корҳои дохилии ҶТ миннатдории хешро иброз намуд.

Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Сафир Маркус Мюллер таъкид кард: «дар Стратегияи ислоҳоти милитсия, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 тасдиқ шуда буд, самтҳои афзалиятноки фаъолияти САҲА вобаста ба кори милитсия муайян шудаанд. Аз ҷумла, он аз рушди чаҳорчӯбаи ҳуқуқии миллӣ иборат мебошад, ки дар асоси он милитсия вазифаҳои хешро метавонад босамар ва мутобиқи принсипҳои волоияти қонун ва қонунгузории миллӣ иҷро кунад. Бинобар ин, дар Стратегия муайян шудааст, ки дар марҳилаи аввал таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба политсия» ба нақша гирифта шудааст. Қабули он на танҳо ба ивазкунии номгӯи «милитсия» ба «политсия» оварда мерасонид, балки он дар муддати кӯтоҳ вазифа ва ӯҳдадориҳои асосии милитсияро муайян намуда, дар сиёсати кадрӣ тағйирот ворид мекард».

Мавсуф қайд намуд, ки ҳангоми мавриди таваҷҷӯҳ қарор додани «фаъолияти касбии милитсия», ба мазмуни «усули арзишӣ», ки яке аз ҷузъҳои он меҳрубонӣ ва ҳассосӣ нисбат ба талаботи он шахсоне, ки милитсия ба онҳо хизмат мерасонад, аҳамияти кофӣ дода намешавад. Кордонӣ – гарчанде қисмати муҳим аст, вале мутобиқи принсипҳои ҳуқуқҳои инсон ягона самти фаъолияти милитсия намебошад. Маҳз ба ҳамин сабаб мо хоҳони дидори онем, ки дар Қонун «Оид ба политсия» - ҳамкории милитсия бо аҳолӣ – ва ё ҷалбкунии аҳолӣ ба ошкоркунии сабаби ҷинояткорӣ ва риоя накардани тартибот, ҳамчунин ҳалли онҳо дар асоси фаҳмиши он, ки милитсия дар танҳогӣ аз ӯҳдаи ин вазифа намебарояд, бошад. Ин таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ оиди мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия ва Шӯроҳои ҷамъиятӣ оиди мусоидат ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо ҷомеа, ҳамчунин қабули Кодекси ахлоқи политсияи навтаҳриршуда, ки бояд баҳои кори роҳбарони корҳои дохилиро дар ҳама сатҳҳо дар бар гирад, мебошад.              

Коршиноси байналхалқии САҲА ҷ-би Славомир Сибулски роҷеъ ба ислоҳоти милитсия дар Полша баромад кард. Ҷ-би Сибулски оид ба сохтори политсияи Полша, ташкили идоракунӣ ва назорат аз болои фаъолияти политсия, ҳамкории политсия бо аҳолӣ, инчунин оид ба тайёрии касбии кормандони политсия гуфта дод. Мавсуф аз ҷумла эзоҳи хешро нисбат ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба политсия» шарҳ дод. 

Дар баромади худ, генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷӯрахон роҳбари Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД ҶТ дар бораи раванди таҳияи лоиҳаи Қонун «Оид ба политсия» маълумот дод.

Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масоили ислоҳоти милитсия подполковники милитсия Бобоназарзода Алиҷон роҷеъ ба навовариҳои дар рафти таҳияи лоиҳаи Қонун «Оид ба политсия» даровардашуда иттилоъ дод.   

Мушовир оид ба мубориза бо терроризм ва ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ҷ-би Питер Ҳайник дар мавзӯи «Намунаҳои ҳамкории байни политсия ва аҳолӣ дар хориҷа» баромад кард. Ҷ-би Ҳайник гуфта дод, ки чӣ тавр политсия аз ӯҳдаи кори худ ба туфайли ҳамкорӣ бо ҷомеа босамар баромада истодааст ва таҷрибаи беҳтарини ҳориҷро мисол овард.   

Зимни мизи мудаввар намояндагони Зергурӯҳҳои кории «Мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия»-и ш. Душанбе, вилояти Суғд, ноҳияҳои Рашт, минтақаи Қӯрғонтеппа, минтақаи Кӯлоб ва ВМКБ, инчунин коршиносони миллӣ шарҳу эзоҳи хешро нисбат ба лоиҳаи Қонун «Оид ба политсия» доданд.   

Дар давоми чаҳор рӯз лоиҳаи Қонун «Оид ба политсия» модда ба модда баррасӣ ва муҳокима шуд. Муколамаи гарму ҷӯшон баргузор гардид, ки дар он иштирокчиёни чорабинӣ ба суолҳои хеш посухҳои мукаммал гирифтанд. 

Дар умум чорабинии мазкур бомуваффақият ва босамар гузашт. Дар ҷамъбасти мизи мудаввар тавсияҳо оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба политсия» қабул карда шуданд. 

Шарикон