Иштироки кормандони САҲА дар нишасти ҷамъиятӣ
- Details
- Нашр гардид 12 Сентябр 2014
Кормандони Шӯъбаи мубориза бар зидди терроризм ва ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ҷ-би Питер Ҳайник ва ҷ-би Ҳайдар Маҳмадиев дар нишасти ҷамъиятӣ, ки таърихи 2 сентябри соли 2014 дар ш. Душанбе баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар байни дигар иштирокчиён, ҳамчунин тақрибан 80 намояндагони муассисаҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, иттифоқҳои адвокатӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ дар муаррифӣ намудан ва муҳокимаи Консепсия “Оид ба кафолатҳои давлатии ҳимояи ҳуқуқии ройгон” ҳузур доштанд.
Ҳадафи муҳокимаҳои ҷамъиятӣ аз баланд бардоштани сатҳи иттилоотонӣ дар байни муассисаҳои давлатии дахлдор, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин иттифоқҳои адвокатӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ, ки дар соҳаи волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ роҷеъ ба ҷанбаҳои асосии лоиҳаи Консепсия “Оид ба кафолатҳои давлатии ҳимояи ҳуқуқии ройгон” фаъолият менамоянд ва тавсияҳоро барои коркарди ин ҳуҷҷат қабул менамоянд, иборат мебошад.
Намояндагони Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба Вазорати корҳои дохилии ҶТ пешниҳод карданд, ки нишастҳои ҷамъиятӣ ва мизҳои мудаввари шабеҳ оид ба муҳокимаи лоиҳаи Қонун “Оид ба политсия”-ро ташкил намоянд.