Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи политсия”

Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) калимаи “амният”-ро ҳамчун мафҳуми комплексӣ ҳисобида, дар се “ченак” фаъолият мебарад: ченаки сиёсӣ-ҳарбӣ, иқтисодӣ-экологӣ ва ченаки инсонӣ. САҲА ҳамеша таъкид мекунад, ки эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, демократия ва волоияти қонун дар консепсияи ҳамаҷонибаи амният, ки САҲА қабул намудааст, ҷойгоҳи муҳим дорад.

Аз ин рӯ, Дафтари САҲА дар Тоҷикистон хоҳиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои мусоидат кардан ба ислоҳоти милитсияи тоҷик, аз ҷумла, баланд бардоштани иқтидор, дар рӯҳияи принсипҳои демократӣ омода кардани кормандони политсия ва ба онҳо омӯзонидани малакаҳои асосии фаъолияти политсия дастгирӣ намуд.  

Соли 2011 миёни САҲА ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум оид ба якдигарфаҳмӣ дар соҳаи рушд ва ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон имзо гардид, ки он барои гузаронидани ислоҳоти милитсия дар рӯҳияи принсипҳои аз тарафи умум эътирофшудаи демократӣ дар фаъолияти политсия равона карда шудааст.

Инҳо меъёр ва стандартҳое мебошанд, ки дар Кодекси рафтори кормандони вазифадор, дар Кодекси байналмилалии ахлоқи кормандони мансабдори давлатӣ, дар Эъломия оид ба политсия, дар Кодекси ахлоқи политсияи Аврупо, дар меъёрҳои умумии мубориза бо коррупсия дар мақомоту идораҳои политсия ва дигар ҳуҷҷатҳои СММ ва САҲА дарҷ шудаанд.

Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои хеш фаъолият намуда, ба Ҳукумати ҶТ барои ташаккул додани усулҳои умумии ислоҳоти милитсия мусоидат намуд. Стратегияи ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон соли 2013 қабул шуда, Барномаи ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020 3 майи соли 2014 тасдиқ гардид.

Айни ҳол Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии ҶТ лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи политсия”-ро таҳия кардааст, ки он барои шиносоӣ ва муҳокимаи кушодаи омма дар сомонаи ВКД ҷойгир карда шудааст: http://www.vkd.tj/index.php/tj/konfronso-va-koroi-ilm/4038-loi-ai-onuni-um-urii-to-ikiston-dar-borai-politsiya.

Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ташаббуси мазкурро истиқбол карда, қайд мекунад, ки ҳамеша ба муколамаи сиёсӣ роҷеъ ба масъалаҳои арзишҳои умумӣ такя мекунад ва оиди тақвият додани ҳамкорӣ миёни ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ чораҳои заруриро меандешад.

Маҳз барои ҳамин, Дафтар тасмим гирифт,ки матни лоиҳаи қонун “Дар бораи политсия”-ро дар сомонаи Барномаи САҲА оиди ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон ҷой диҳад (http://www.police-reform.tj/index.php/ru/bonus-page/law).

Дафтари САҲА дар Тоҷикистон аъзоёни фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, кулли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин коршиносони миллӣ ва байналмилалиро даъват мекунад, то дар ҷараёни муҳокимаи лоиҳаи Қонуни мазкур фаъолона ширкат варзанд ва эроду пешниҳодҳои худро нисбати ин лоиҳа ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сомонаи  police-reform.tj равон кунанд.

Дафтари САҲА дар Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани Ёддошти тафоҳум ва Барномаи ислоҳоти политсия дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати ҶТ пазируфта шудаанду такя бар он модели нави политсия таҳия карда мешавад, кулли чораҳои заруриро меандешад. Модели нави политсия барои таъмини амнияти ҳар як шахс ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ӯ аз таарузи ғайриқонунӣ нигаронида шудааст.

Шарикон