Симпозиум дар Туркия оид ба таъмини бехатарӣ дар шоҳроҳҳо

Симпозиуми мазкур аз ҷониби Политсияи Миллии ВКД-и Туркия (Раёсат оид ба хизматгузории шоҳроҳҳо ва Академияи политсия) дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёт, нақлиёти обӣ ва алоқа (Сарраёсатҳо оид ба шоҳроҳҳо ва оид ба танзими шоҳроҳҳо) ташкил карда шудааст.

 

Мақсади гузаронидани чунин симпозиум ин ҳамаҷиҳата таҳлил карда баромадани масъалаҳои бехатарӣ дар шоҳроҳҳо аз тарафи шарикони муносиб ва пешниҳод намудани таклифҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳо ба воситаи санҷишҳои илмӣ мебошад.

Дар симпозиум ҳайати намояндагӣ аз 14 мамлакат, дигар мақомотҳои давлатӣ ва донишгоҳҳои Туркия, объектҳои бахши хусусӣ, аъзоёни иттифоқҳои касаба, олимон, академикҳо ва мутахассисони таҷрибадор иштирок намуда, дастовардҳои илмиро дар соҳаи таъмини бехатарии роҳ муҳокима карданд.

Сардори Раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилии (РБДА) ВКД ҶТ генерал-майори милитсия Маҳмадсаид Саидов, ёрдамчии Вазири корҳои дохилии ҶТ подполковники милитсия Довар Фатҳиллоев, Афсари миллии равобит оид ба масъалаҳои ислоҳоти милитсия Ҳайдар Маҳмадиев ва Ёвар оид ба мубориза бар зидди терроризм ва ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Умед Қурбонов дар симпозиум Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ карданд.

Тибқи хабари ҳозирони чорабинӣ, дар симпозиум маърӯзачиён оиди ҳар як ҷанбаи ҳаракати роҳ, аз ҷумла ҷиҳати чаҳор қисмати бехатарии роҳ: назорати шоҳроҳҳо, омӯзиши кормандон, касби муҳандисӣ ва расонидани ёрии аввали тиббӣ ва ғайриоддӣ баромад карданд. Ба ғайр аз маҳсулот ва хизматрасониҳои бахши давлатии пешниҳодгардида, корҳои Ташкилотҳои Ғайридавлатӣ (ТҒД) ва ширкатҳои нақлиётӣ намоиш дода шуданд.

Шарикон