Иқдоми «Ҷавонон бар зидди нашъамандӣ»
- Details
- Нашр гардид 20 Март 2014
Ёварони дафтари САҲА дар Кӯлоб ба маросими кушодашавӣ бахшида ба иқдоми «Ҷавонон бар зидди нашъамандӣ», ки дар дар маҷмааи варзишии ба номи «Алоқа» баргузор гардид, ташриф оварданд.
Дар чорабинӣ зиёда аз 500 намояндагони ҷавонон, аз ҷумла донишҷӯён, мактаббачагон, намояндагони Вазорати корҳои дохилии (ВКД) Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ), Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, инчунин намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ ва дигар меҳмонон ширкат варзиданд. Намояндагони ВКД ҶТ ва мақомотҳои дахлдор суханронӣ карданд. Дар чорабинӣ инчунин варзишгарон аз ноҳияву минтақаҳои гуногуни мамлакат ҳузур доштанд. Баромадҳои маданӣ, ба монанди сурудҳо ва рақсҳо, инчунин як қисми чорабинӣ ба шумор мерафтанд. Ба ин иқдом намояндагони ВАО, ки бо ташаббускорон ва иштирокчиёни асосии он мусоҳиба гузарониданд, даъват шуда буданд.
Дар рафти қисми дуввуми чорабинӣ, дар боғи Рӯдакӣ ва маркази ҷавонони ш. Кӯлоб мусобиқаҳои варзишӣ аз намудҳои шоҳмот, гӯштингирии озод, волейбол, баскетбол ва тенниси рӯи мизӣ гузаронида шуданд. Ба ҳама ғолибони чорабинӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Соати 17:00 маъракаи иттилоотӣ бо иштироки 113 нафар аз мақомотҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқ ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ дар ш. Кӯлоб гузаронида шуд.
Ёвари дафтари САҲА дар Кӯлоб ба иштирокчиёни чорабинӣ оид ба фаъолияти Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, алалхусус роҷеъ ба кору фаъолияти раёсати ҳарбӣ-сиёсии он маълумот дод. Мавсуф ба ҳозирин оид ба амалисозии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва саъю кӯшиши пайвастаи раёсати Дафтари САҲА-ро баҳри мустаҳкам намудани ҳамкорӣ бо тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дахлдор ва оиди муносибати мутақобилаи мақомоти мазкур бо ҷомеа иттиллот дод. Роҳбари лоиҳаи Маркази захиравии занони ш. Кӯлоб, хонум Қурбонгул Қосимова маълумоти ҳамаҷонибаро оид ба мубталои нашъамандӣ, оқибати ҳалокатовари он ба саломатии инсон, инчунин оид ба тадбирҳое, ки аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии мазкур дар ин ҷода андешида шудаанд, пешниҳод намуд. Хонум Қосимова ҳамчунин зикр намуд, ки ташкилоташон як силсила маъракаҳоро оид ба баландбардории сатҳи бохабарӣ дар байни ҷавонон ва дигар табақаҳои гуногуни аҳолӣ гузаронида истодааст.
Муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Нодирхон Муродов ба ҳузурдоштагон оиди фаъолияти Агентӣ дар тамоми мамлакат маълумот дода, қайд намуд намуд, ки соли сипарӣ аз ҷониби онҳо 6600 кг маводи нашъаовар мусодира карда шуд, ки ин нисбат ба соли гузашта 600 кг зиёдтар аст. Инчунин ӯ иброз намуд, ки ба ҷои он ки шумораи парвандаҳои/ҳодисаҳои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар коҳиш ёбад, ин тамоюл баръакс сол то сол афзуда истодааст. Дар баробари ин шумораи беморони нашъаманд низ зиёд шуда истодааст. Мутобиқи омори расмии ҶТ, шумораи беморони нашъаманд – 7852 нафарро ташкил дода, аз онҳо 1270 нафарашон аҳли Кӯлоб, аз он ҷумла 38 нафарашон – занон мебошанд.
Ташкилкунандагони чорабинӣ – намояндагони Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД ҶТ ба иштирокчиён оиди чорабиниҳои ҳамасолаи варзишии худ, ки ба пешгирии нашъамандӣ дар байни ҷавонон ба васоити баланд бардоштани сатҳи бохабарӣ ва амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир иттилоот доданд. Стратегияи мазкур бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст. Дар хотимаи иқдом, иштирокчиён дар мубориза бар зидди нашъамандӣ қарор қабул карданд, ки он ба паст намудани шумораи ҷиноят, ки бо маводи нашъаовар вобастагӣ дорад, дар асоси ҳамкории милитсия бо ҷомеа, равона хоҳад шуд.