ВКД конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро бо дастгирии САҲА гузаронид

Чӣ тавре ки дар сомонаи мо қаблан эълон шуда буд, 14 марти соли 2014 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистону Сафорати Ҷумҳурии халқии Чин дар ҶТ дар толори Китобхонаи миллӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ чун яке аз ҷанбаҳои муҳими ҳимояи ҳуқуқи инсон» баргузор гардид.

Генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Вазири корҳои дохилӣ конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ кушода, қайд кард, ки “ВКД фармони махсусро оиди ташкил ва тактикаи амалигардонии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таҳия ва омода кардааст, ки дар он масъалаҳои ҳимояи шахсоне, ки дар муайян ва кушодани ҷиноят мусодиат менамоянд, танзими худро ёфтанд”. Илова бар ин, ВКД ҶТ лоиҳаи Дастурамали “Дар бораи тартиби ҳамкории мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ва давлатӣ бо дигар сохторҳо ҳангоми амалӣ намудани чораҳои амниятӣ нисбати шахсони ҳимояшаванда”-ро омода сохтааст. Лоиҳаи мазкури Дастурамал барои баррасӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ равон карда шудааст. Айни замон ВКД як қатор пешниҳодоту эзоҳотро қабул намудааст, ки ҳангоми такмилдиҳии ин ҳуҷҷат ба назар гирифта мешаванд.

Сипас сухани хайрамақдамона ба шахсони зерин дода шуд: Ғафорова Назира Абдуллоевна – Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Худоёрзода Бахтиёр Тавар – Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Салимзода Шерхони Одина – Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафир Мюллер Маркус – Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, генерал-лейтенант Ятимов Саймумин Сатторович – Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Абдуфатоҳи Ғоиб – Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ализода Зариф – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сафир Маркус Мюллер бо сухани хайрамақдамона баромад карда, аҳамияти ин чорабиниро чун яке аз қадамҳои пешрав дар кори таъмини ҳуқуқи инсон таъкид кард.

“Чораҳои махсус оид ба таъмини ҳимояи шоҳидон ва ҷабрдидагони ҷиноятҳо дар асоси рушд дар давлатҳои дигар, ки аз сабаби пайдоиши зарурият барои муборизаи самаранок бар зидди ҷинояти муташаккил – падидае, ки ба ҳамаи давлатҳои ҷаҳон таҳдиди ҷиддӣ менамояд, таҳия мегарданд”, - ҷ-би Мюллер сухани худро оғоз намуд. “Ин чораҳо ноустувор буда, дар раванди тараққиёт мебошанд. Ғайр аз ин, дар навбати аввал, чунин рушд аз эҳтиёҷот барои мувофиқати талаботи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҳуқуқҳои асосии инсон ба суди одилона бармеояд”, - қайд намуд ҷ-би Мюллер.

Дар рафти баромади худ роҳбари Дафтари САҲА ба амалисозии самараноки чорабиниҳо оид ба ҳимояи иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ диққати махсус дод. Чунончи мавсуф иброз намуд, ки барои ин кормандони ботаҷриба ва махсус омӯзонидашуда лозиманд, ки кори дахлдорро бо гурӯҳҳои озордидаи шоҳидон ва ҷабрдидагони ҷиноятҳо гузаронанд. Инчунин илова намуд, ки чунин чораҳои алоҳидаи ҳимояи иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ, ба монанди тағйири маълумотҳои шахсии инсон ва ҷойи истиқомати доимӣ тартиби ниҳоят гарон мебошад. Бинобар ин роҳҳои дигари ҳалли ин масоилро бояд ёфт, ки ба буҷаи давлатӣ бори гарони молиявӣ нашавад.

Дар интиҳои баромади худ, ҷ-би Маркус Мюллер зикр кард, ки ҳуқуқҳои шоҳидон ва ҷабрдидагони ҷиноят, инчунин ҳуқуқҳои ҳимояткунандагон дар мурофиаи ҷиноятӣ танҳо ба воситаи маданияти волоияти қонун, бовиҷдонӣ ва кордонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонанд ба қадри кофӣ ҳимоя карда шаванд. “Ман умедворам, ки тамоми сохторҳои давлатии дар конференсияи мазкур ҳозирбуда, оиди дастгирии ин арзишҳо минбаъд кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд ва дар навбати худ, шумоёнро бовар кунонданиам, ки САҲА дастгириашро дар ин самт давом медиҳад”.

Дар рафти конференсия мубоҳиса сурат гирифт, ки дар он коршиноси САҲА аз Беларус Васил Вашчанка дар мавзӯи “Ҳимояи шахсон дар мурофиаи судии ҷиноятӣ: истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад кард. Мавсуф қайд намуд, ки омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ баҳри самаранокии чораҳо оиди ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ лозим аст. “Аввалан, ҳангоми омӯзиши таҷриба дар соҳаи мазкури давлати дилхоҳ ҳатман бояд дар назар дошт, ки системаи ҳуқуқии он, аз ҷумла намунаҳои мурофиаи ҷиноятӣ хусусиятҳои худро доранд”. Чӣ тавре ки маълум аст, ИМА дар ин соҳа барои бисёр давлатҳо ҳам “пионер” ва ҳам намуна мебошад. Маҳз дар ИМА солҳои 1960 ҳимояи шоҳидон аз рӯи парвандаҳо оиди ҷинояти муташаккил бори аввал дар амал татбиқ карда шуд ва соли 1970 бошад, қувваи қонунӣ гирифт. Ҳангоми омӯзиши таҷрибаи ИМА бояд дар хотир дошт, ки мурофиаи ҷиноятӣ дар ин давлат бо дараҷаи баланди мубоҳиса тавсиф ёфта, он ба таҳқиқи бевоситаи далелот дар суд такя мекунад ва мутобиқан ба гувоҳии шифоҳии шоҳидон аҳамияти калон медиҳад”, - изҳор дошт ҷ-би Вашчанка.

Баъдан коршиноси САҲА зикр намуд, ки таҳияи системаи тадбирҳо нисбати ҳимояи шоҳидон, ҷабрдидагон ва дигар шахсоне, ки ба ҳимояи давлатӣ вобаста ба амалисозии адлия оид ба парвандаҳои ҷиноӣ ниёз доранд, бояд дар таҳлили дақиқи талабот ва таҳдиди мавҷуда, ки ин чораҳоро ҳаллу фасл менамоянд, асос ёбад. Аз он ҷумла, ин барои муайян кардани он, ки чӣ гуна чораҳо бояд аз рӯи афзалият андешида шаванд, зарур аст. Таҳлили зерин бояд аз инҳо иборат бошад:

- сатҳи ҷинояткорӣ ва категорияи ҷиноятҳое, ки дар онҳо зарурати истифодабарии чораҳои махсуси ҳимоя пайдо мешавад;

- такроршавии истифодаи зӯроварӣ нисбати иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ;

- мавҷудияти таҷриба оид ба тафтишот ва ба суд равон кардани ҷинояткорони бонуфуз ва гурӯҳҳои ҷиноятҳои муташаккил;

- захираҳои моддӣ ва кадрии дастрас барои амалисозии тадбирҳои ҳимоякунӣ.

Ҷ-би Вашчанка дар рафти конференсия якчанд намуди тадбирҳои ҳимояи шоҳидон ва ҷабрдидагонро ҳангоми мурофиаи ҷиноятӣ мисол овард:

1) тадбирҳое, ки ба пешгирии вохӯрии шахсӣ бо айбдоршаванда равона карда шудаанд (ба монанди дар мурофиа истифода бурдани навори тасдиқҳои шоҳидон, аз дар берун кардани айбдоршаванда дар рафти гувоҳӣ додан, бозпурсӣ ба воситаи алоқаи видеоӣ). Ин чорабиниҳо пеш аз ҳама барои паст намудани хатари фишори психологӣ ё тарсонидани шахсе, ки гувоҳӣ дода истодааст, андешида шудаанд;

2) чораҳое, ки ба пинҳон кардани шахсияти шоҳид (масалан, гувоҳӣ додан аз паси парда бо истифода аз асбоби овозивазкунанда; махфӣ нигоҳ доштани маълумотҳои шахсии шоҳид) равона карда шудаанд. Чунин тадбирҳо ниҳоят муассиранд, агар айбдоршаванда бо шахси гувоҳӣ додаистода шинос набошад ва шахсияти ӯро аз мазмуни тасдиқҳояш муайян карда натавонад;

3) тадбирҳое, ки ба маҳдудияти овозаи ошкор ва стресси психологӣ (гузаронидани ҷаласаҳои пӯшида; додани гувоҳӣ дар ҳузури шахсоне, ки дастгирӣ мекунанд) равона шудаанд. Ин чораҳо баҳри раҳоӣ аз захми психологӣ ҳангоми додани гувоҳӣ даъват шудаанд ва онҳо тез-тез нисбати шахсони озордида истифода бурда мешаванд.

Дар итмоми баромади худ, ҷ-би Вашчанка иброз намуд, ки «таҷрибаи байналмилалӣ дар ин соҳа ба зарурати сохтани системаи ҳамаҷониба ва яклухти чораҳои ҳимояи давлатии шахсон дар робита бо амалисозии мурофиаи ҷиноятӣ ишора менамояд» ва «афзалиятҳо ҳангоми андешидан ва афзудани чораҳои ҳимоя бояд бо назардошти талаботи воқеии системаи мурофиаи ҷиноятӣ дар асоси таҳлили таҷрибаи тафтиши парвандаҳо бо иштироки гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор, таҳдидҳои мавҷуда барои шоҳидон ва ҷабрдидагон, инчунин захираҳои моддӣ ва кадрии дастрас муайян карда шаванд».

Шарикон