Спартакиада оид ба мубориза бо маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ

Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми панҷ соли охир лоиҳаи “Гузаронидани чораҳои пешгирикунанда тавзеҳотии зиддимухаддиротӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ”-ро ба воситаи маблағгузории иқдомҳои варзишӣ, маданӣ ва оммавӣ таҳти шиори “Тоҷикистон бар зидди маводи мухаддир” татбиқ менамояд.

Соли ҷорӣ дар баргузор намудани чунин чорабиниҳо Вазорати корҳои дохилии ҶТ низ фаъолона иштирок намуд. Ҷамъияти “Динамо” дар ин самт як барномаи мукаммали чорабиниҳои варзишӣ, маданиву оммавиро омода сохт. Дафтари САҲА дар Тоҷикистон аллакай ба маълумоти роҳбарияти ВКД расонидааст, ки “бо мақсади иҷроиши пурра ва саривақтии ӯҳдадориҳои САҲА оиди мусоидат ба рушд ва ислоҳоти умумии милитсия, Дафтар ташаббуси ВКД-ро дар гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ зери шиори “Варзиш – зидди маводи мухаддир”, инчунин дар амалисозии маърака роҷеъ ба пешгирии нашъамандӣ дар байни ҷавонон, дастгирӣ менамояд”.
Тибқи суханони Мушовири шӯъбаи мубориза бар зидди терроризм ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, ҷ-би Улф Биллвинг: “САҲА пайваста ба рушди ҳамкории байни милитсия ва ҷомеа, ки ин самтро ҷузъи асосии фаъолияти политсия меҳисобад, мусоидат мекунад. Ба воситаи мустаҳкам кардани муносибат ва ҳамкорӣ байни политсия, дигар идораҳои давлатӣ ва аҳолӣ, САҲА тарҳрезӣ ва амалисозии нақшаҳоро оид ба мубориза бар зидди маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ дастгирӣ мекард ва хоҳад кард”.
Чорабинии аввалин дар чаҳорчӯбаи барнома имрӯз дар ш. Кӯлоб, ки дар он 250 варзишгар аз рӯи панҷ намуди варзиш мусобиқаро барои унвони чемпионии Спартакиадаи кушоди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ оғоз намуданд, баргузор шуда истодааст. Ин нахустин бор аст, ки чунин мусобиқа дар миқёси ҷумҳурӣ гузаронида шуда истодааст. 13 марти соли 2014 дар маросими кушодашавии Спартакиада намояндагони Дафтари САҲА дар Тоҷикистон иштирок карданд.
Саркотиби мусобиқаҳо, мутахассиси ҷамъияти «Динамо»-и ВКД ҶТ Сарахон Эмомов зикр кард, ки дастаҳои ВКД, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ ба қисми хотимавии мусобиқаҳо гузаштанд. “Спартакиада ба муваффақият ноил шуд ва соли дигар диққати асосӣ ба ҷалби дастаҳои занона дода мешавад”, - гуфт мавсуф ва илова кард, ки имрӯз занон танҳо дар мусобиқаҳои варзиши сабук ва рӯимизӣ ширкат меварзанд.

Шарикон