Вазорати Корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии САҲА ва Сафорати Ҷумҳурии Халқии Чин конференсия мегузаронад

14 марти соли 2014 дар толори Китобхонаи миллии ҶТ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ чун яке аз ҷанбаҳои муҳими ҳимояи ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад. Он бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кӯмаки Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Халқии Чин (ҶХЧ) дар Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Дар кори конференсия намояндагони Маҷлиси Олӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Шӯрои адлия, Вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, мудофиа, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Гвардияи миллӣ, Хадамоти гумрук, раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ректорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва олимони шинохтаи ҷумҳурӣ, инчунин намояндагони САҲА, Сафоратҳои ҶХЧ, ШМА ва Федератсияи Россия иштирок менамоянд.

Дар рафти конференсия табодули афкор сурат хоҳад гирифт, ки дар он аз ҷониби САҲА коршиноси он аз Ҷумҳурии Беларус Васил Вашчанка дар мавзӯи «Ҳимояи шахсон дар мурофиаи судии ҷиноятӣ: татбиқи таҷрибаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад мекунад.

Шарикон