Ҷаласаи коршиносон оид муҳокимаи лоиҳаҳои Барномаи ислоҳоти милитсия ва Нақшаи амаликунонии он

Аз 27 то 29 ноябри соли 2013 бо пешниҳоди Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи коршиносони миллӣ ва хориҷиро оид ба такмили лоиҳаҳои Барномаи ислоҳоти милитсия ва Нақшаи амаликунонии он ташкил намуд.

Худи лоиҳаҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ дар таърихи 18 октябри соли 2012 дар ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба идоракунии ислоҳоти милитсия (гурӯҳ оид ба идоракунии ислоҳоти милитсия), ки дар он қарори такмилдиҳии лоиҳаҳо ва пешниҳоди онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқшавӣ қабул карда шуд, пешниҳод гардида буданд.   

Дар мизи мудаввар намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба монанди: Вазорати корҳои дохилӣ, адлия, маориф, молия, тандурустӣ, рушди иқтисод ва савдо, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Маркази миллии қонунгузорӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, намояндагони Гурӯҳ ва зергурӯҳҳо оид ба мусоидат ба ислоҳоти милитсия аз ш. Душанбе, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ВМБК, ноҳияи Шаҳритус ва минтақаи Рашт иштирок намуданд. Аз ҷониби Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Мушовир оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм ва ислоҳоти милитсия Улф Биллвинг ва кормандони миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, коршиносони байналмилалӣ аз ВКД Гурҷистон ва Федератсияи Россия, Хазинаи кӯдакони СММ ва ғ. Ширкат варзиданд.  

Нахуст муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Орипов Нурилло Марифхонович ҷаласаро оғоз намуда, қайд кард, ки “мо барои таъсисёбии намунаи нави сохтори милитсия, ки ба стандартҳои муосир оид ба ҳуқуқи инсон ва озодии устувор, инчунин ҳимояи манфиати шаҳрвандон дар марҳилаи аввал мувофиқат мекунад, боз як қадаме ба пеш гузоштем”.

Дар сухани ифтитоҳии худ, ҷ-би Маркус Мюллер роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон таъкид кард: “ислоҳоти милитсия - ин қалб ва асоси рушди демократии фаъолияти милитсия дар ҶТ буда, шаклҳои нав ва мусбии ҳамкории байни аҳолӣ ва милитсияро тарғиб менамояд”. Мавсуф афзуд, ки ислоҳоти милитсия на танҳо ба азнавташкилдиҳии худи сохтор, балки аз ҳама муҳимаш, ба тағйири мафкураи кормандони милитсия оварда мерасонад.       

Сипас, иштирокчиёни мизи мудаввар шарҳу эзоҳ ва пешниҳодоти вазорату идораҳои мухталиф, ҳамчунин Дафтари САҲА дар Тоҷикистонро, ки аъзоёни Гурӯҳи корӣ оид ба такмили ду ҳуҷҷати зикршуда мебошанд, баррасӣ намуданд. Тибқи гуфтаи Маркус Мюллер ҳуҷҷатҳои мавсуф дар амаликунии Ёддошти тафоҳум, ки байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА ба имзо расид, ва Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 “харитаи роҳ” мегарданд.        

Ҷ-би Улф Биллвинг пешниҳодоти Дафтари САҲА дар Тоҷикистонро муаррифӣ карда, иброз намуд, ки “гузаронидани ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон бидуни тағйироти сиёсати кадрӣ, муносиб кардан ва модернизатсиякунии системаи тайёркунӣ ва омӯзиши касбии кормандон қобили қабул нест. Худи раванди ислоҳоти милитсия бояд шаффоф ва ошкор бошад”. Маҳз бино бар ин Дафтари САҲА дар Тоҷикистон иштироки ҳаматарафаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро дар раванди ислоҳоти системаи таълим ва сиёсати кадрии ВКД пешниҳод намуд. Чунончи: иштироки аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ  оиди мусоидат ба ислоҳоти милитсия дар имтиҳоноти қабули Академияи ВКД; коркарди Низомнома оид ба интихоб дар асоси озмун дар системаи ВКД ҳангоми таъин кардан ва дар рафти фаъолият аз вазифае ба вазифаи баландтар гузаронидан; иштирок дар кори комиссияи аттестатсионии ВКД ва РКД мебошад. Дар ВКД комиссияи махсус дар ҳайати Сарнозири Вазорати корҳои дохилӣ, ки онро Вазири корҳои дохилӣ таъин мекунад, он шахсан ба Вазир ҳисобот медиҳад, ва ду намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки аз ҷониби Шӯрои ҷамъиятӣ оиди мусоидат ба ислоҳоти милитсия таъин карда мешаванду тибқи хоҳиши он (Шӯрои мавсуф) дорои ҳуқуқи гузаронидани тафтиши аризаҳо оид ба содир намудани ҷиноят ва қонуншиканӣ аз тарафи кормандони милитсия мегарданд, ба шарте агар аризадиҳанда норозигии худро нисбат ба хулосаи Сарнозироти милитсия иброз намояд, таъсис дода мешавад.

Коршиносон ба мувофиқат расиданд, ки Консепсияи ҳамкории байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва милитсия таҳия карда мешавад, ки он мониторинги ҷамъиятӣ аз болои фаъолияти милитсия, санҷиши ҷамъиятии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии милитсия ва ВКД, доир намудани ҳар гуна машварат байни ҷомеа ва давлат, инчунин ҳисоботҳои семоҳаи сардорони милитсия дар назди ҷомеаро пешбинӣ мекунад.  

Дар рафти муҳокима чанд пешниҳодот ва эродҳои коршиносони миллӣ ва байналхалқӣ, ки хусусияти самаранок доштанд, қабул шуданд. Ба ҷамъбасти умумии ҷаласа инчунин иштироки ҳуқуқшиноси ботаҷриба, ки дар техникаи қонунгузорӣ моҳир аст, сардори шӯъбаи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродов Д. дар мизи мудаввар ниҳоят таъсири мусбӣ расонид. Мавсуф ҳамеша оромиро нигоҳ медошт ва ба ҳалли лаҳзаҳои баҳснок роҷеъ ба лоиҳаҳои муҳокимашаванда дар рафти машварат асоснок муносибат мекард. Инак, ҳангоми пешниҳодоти Дафтари САҲА дар Тоҷикистон оиди ҳатман гузаронидани ислоҳот таҳти шиори “Милитсия - ин халқ аст ва халқ – ин милитсия мебошад”, ҷ-би Муродов пешниҳод кард, ки озмун баҳри шиори беҳтарин оиди амалисозии ислоҳоти милитсия дар байни аҳолӣ бояд эълон карда шавад. Ӯ ба намояндагони ВКД иброз намуд, ки дар сомонаи худ (www.vkd.tj) шарти озмунро ҷой кунанд. Дафтари САҲА ин таклифро дастгирӣ намуда, қаблан эълон кард, ки ба муаллифи шиори беҳтарин тӯҳфаи қимматнок супорида мешавад.

Пас аз ба имзо расонидани Протоколи хотимавӣ оид ба натоиҷи мизи мудаввар, коршиносон ба мувофиқа расиданд, ки лоиҳаҳои такмилдодашудаи Барномаи ислоҳоти милитсия ва Нақшаи амаликунонии он баъди ба имзо расидан дар ҳамаи вазорату идораҳои дахлдор барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда мешаванд.

Шарикон