САҲА
САҲА, ки 57 давлати иштирокчиро аз Амрикои Шимолӣ, Аврупо ва Осиё муттаҳид мекунад - бузургтарин созмони минтақавӣ дар ҷаҳон мебошад. Он бо масоили амният, пешбарии фаъолият ҷиҳати таъмини сулҳ, демократия ва субот дар минтақае, ки аҳолиаш зиёда аз як миллиард нафар мебошад, машғул аст. САҲА ба ҳайси анҷуман барои муколамаи сиёсӣ дар сатҳи олӣ оид ба доираи васеи масоили амният ва ба ҳайси майдон барои андешидани тадбирҳои амалӣ ҷиҳати беҳтар намудани зиндагии мардум ва ҷомеа хизмат мекунад. САҲА васоити фарогири минтақавӣ барои огоҳонии бармаҳал, пешгирии низоъҳо, танзими бӯҳронҳо ва барқарорсозии баъди низоъ буда, ба бартарафнамоии норозигӣ/мухолифат байни давлатҳо ва ба мустаҳкамкунии боварӣ дар асоси ҳамкорӣ мусоидат мекунад. Созмони мазкур тавассути институтҳои махсусгардонидашудаи хеш, коршиносон ва намояндагиҳои ин сохтор дар ҷойҳо бо як қатор масоили ба амнияти умумии мо, аз ҷумла назорати силоҳ, терроризм, идоракунии самаранок, амнияти энергетикӣ, қочоқи инсон, демократикунонӣ, озодии ВАО ва ҳуқуқҳои ақаллиятҳо таъсиррасон, машғул аст. Амният ба бисёр ҷанбаҳои ҳаёти мо таъсир мерасонад. САҲА мафҳуми амнияти ҳамаҷонибаро риоя намуда, фаъолияти хешро аз рӯи се ченак - ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-экологӣ ва инсонӣ - чун маҷмӯи ягона пеш мебарад.