Баргузории мусобиқаҳои кушоди шахсӣ-даставӣ дар вилояти Суғд

Варзиш дар ҳама давру замон ҳамчун қосиди сулҳ, омили муҳими таҳкими дӯстии халқҳо ва муаррифгари кишварҳо, инчунин воситаи беҳтарини саломатии инсонҳо ва густариши тарзи ҳаёти солим дониста шудааст.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба варзиш диққати махсус зоҳир намуда ба пешрафти ин соҳаи муҳими ҳаёти ҷомеа такони ҷиддӣ бахшида, дар саросари ҷумҳурӣ садҳо толору майдонҳо ва маҷмааҳои варзишӣ сохтаву мавриди истифода қарор гирифтанд.

Бо ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Созмони Аҳдномаи Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва Дафтари он дар шаҳри Душанбе (САҲА) аз санаи 21 то 30-юми августи соли ҷорӣ, бахшида ба «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017, силсилачорабиниҳои варзишӣ миёни ҷавонону наврасон, мусобиқаҳои кушоди шахсӣ-даставӣ таҳти шиори «Ҷавонон ва варзиш - зидди нашъамандӣ» аз намудҳои футболи хурд, волейбол, тениси рӯи миз, шашка ва шоҳмот дар шаҳрҳои Истаравшан, Исфара, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ашти вилояти Суғд баргузор мегардад.

21-уми августи соли 2017, дар толори варзишии муассисаи давлатии мактаби варзишии №1-и ба номи Пулодхӯҷа Саидғозиеви шаҳри Истаравшан мусобиқаи кушоди шахсӣ-даставӣ аз намуди тениси рӯи миз, барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ бо иштироки муовини сардори РВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Пирумшозода Нуриддин, муовини раиси шаҳри Истаравшан Нигора Ҳайдарзода, сардори ШВКД дар шаҳри Истаравшан полковники милитсия Шамсулло Маҳмудов, муовини аввали Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ подполковники милитсия Шоҳиён Аслиддин, ҳунармандони ансамбли «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ, корманди Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилӣ капитани милитсия Сафаров Манучеҳр ва муовини сардори шуъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккилии РВКД дар вилояти Суғд подполковники милитсия Отаҷонов Фарҳод доир гардид.

Таҳти садо додани Суруди миллӣ варзишгарон ба толор ворид гардида, чорабинии варзишӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва омӯзиширо муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд полковники милитсия Пирумшозода Нуриддин бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид.

Мавсуф зимни суханронии худ қайд намуд, ки Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро худ корманди шоистаи варзиш буда, дар ташаккули намудҳои гуногуни варзиш дар мақомоти корҳои дохилӣ саҳми босазо дорад.

Дар баробари пешбурди самти фаъолият ба варзиш таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда бо ташаббуси ӯ тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо толору майдончаҳои нави варзишӣ таъмин гаштаанд, ки ҳайати шахсӣ метавонанд дар тамоми фасли сол ба тамрин машғул шаванд.

Ҳамчунин, ҳамасола бо ташаббуси ВКД миёни сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар муассисаву идораҳои давлатӣ, мусобиқаҳои кушоди варзишии футболи хурд байни ҷавонону наврасон, мусобиқаҳои шахсӣ-даставӣ аз рӯи варзиши футбол, волейбол, шашкаю шоҳмот, тениси рӯи миз, гӯштини миллӣ, бандкашӣ ва дигар мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мегардад.

Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин силсиламусобиқаҳои кушоди шахсӣ-даставӣ миёни ҷавонону наврасон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд баргузор гардида истодаанд.

Сипас муовини раиси шаҳри Истаравшан Нигора Ҳайдарзода суханронӣ намуда қайд кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки соҳаи варзиш рушду нумӯъ ёфта, барои варзишгарон ва ҳавасмандони соҳаи варзиш шароитҳои мусоид фароҳам оварда шавад.

Дар ин раванд даҳҳо толору майдончаҳои варзишӣ ва варзишгоҳи марказии шаҳр таъмир ва аз нав сохта ба истифода дода шудааст. Инчунин дар шаҳри Истаравшан 3 мактаб, 4 федератсия ва 273 объектҳои варзишӣ амал мекунанд, ки сокинони ин шаҳри бостонӣ аз онҳо босамар истифода мебаранд.

Дар идомаи баргузории чорабинии варзишӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва омӯзишӣ корманди Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД капитани милитсия Сафаров М. оид ба омилҳои гирифторшавӣ, роҳҳои пешгирӣ ва бартарафнамоии нашъамандӣ, оқибатҳои маргбори ин зуҳуроти номатлӯб бо маърӯзаи таҳлилӣ баромад намуд.

Инчунин муовини сардори шуъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили РВКД дар вилояти Суғд подполковники милитсия Отаҷонов Ф. дар мавзӯи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ташкилотҳои ифротгаро суханронӣ кард.

Мусобиқаи шахсӣ-даставии тениси рӯи миз бо иштироки зиёда аз 40 нафар варзишгарони тенисбози ҷавону наврас ва мухлисону ҳаводорони зиёди ин соҳаи варзиш доир гардид. Варзишгарони ҷавону наврас дар рақобаҳо аз худ чусту чолокӣ ва маҳорати баланди варзишӣ нишон дода бо гирифтани холҳои зиёд ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дар даври ниҳоии мусобиқа миёни ҷавонон Искандаров С. сазовори ҷойи аввал, Замири С. ҷойи дуюм ва Раҳимов Ҳ. соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Дар мусобиқаи миёни наврасон бошад сазовори ҷойи аввал Акбаров М., мақоми дуюмро Иноятов Ш. ва ҷойи сеюм ба Шоазизов Ш. насиб гардид.

Инчунин барои саҳми назаррас гузоштан дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва баргузории мусобиқаи мазкур сардори ШВКД дар шаҳри Истаравшан полковники милитсия Шамсулло Маҳмудов бо «Сипоснома»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин мурабиёни варзишгарону доварони мусобиқа бо Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.

Дар фарҷоми ин чорабинӣ ба ғолибони мусобиқа муовини аввали Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ подполковники милитсия А.Шоҳиён ва муовини шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили РВКД дар вилояти Суғд подполковники милитсия Ф.Отаҷонов ҷоиза, медал ва Ифтихорномаҳоро тақдим намуданд.

Аз баргузории чорабиниҳои варзишӣ, фарҳангӣ фароғатӣ ва омӯзишӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд иловатан иттилоъ хоҳем дод.

Раҷаббек Илёсов, Душанбе-Суғд.

Сарчашма: http://mvd.tj/index.php/tj/varzish/14647-barguzorii-musobi-a-oi-kushodi-shakhs-dastav-dar-viloyati-su-d

Шарикон