Таъмини ҳимояи ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила

7-уми сентябри соли 2017, дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бо дастгирии молиявии Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе, семинар дар мавзӯи «Имкониятҳо барои ташкил кардани механизмҳои амалӣ барои ҳамкории байниидоравӣ дар байни мақомоти маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини ҳимояи ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила» баргузор гардид.


Дар кори семинар Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳод Алиёр, муовини раиси шаҳри Панҷакент Азимӣ З., корманди Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе Маҳбуба Мамадатохонова, намояндагон аз Шӯъбаи занон ва оила, Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Раёсати тандурустӣ, шӯъбаи Кумитаи дин, Шӯъбаи ҷавонон ва варзиш, маориф ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.

Хадаф аз баргузории вохурӣ, мубодилаи иттилоот дар бораи тасдиқ намудани ҳайати гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба кор бо ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила ва раванди кор оид ба имзои Ёддошти тафоҳум миёни субъектҳои ба қонуни пешгирии зӯроварӣ дар оила масъул, мубодилаи иттилоот дар бораи таҷрибаи имрӯзаи ҳамкории байниидоравӣ дар таъмини ҳимояи ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила-мушкилот ва дурнамои фаъолияти ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти корҳои дохилӣ, идораҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, кумитаи кор бо занон ва оила ва дигар сохторҳо, баланд бардоштани иқтидори аъзоёни гурӯҳи корӣ оид ба кор дар сатҳи маҳал бо ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила, мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ дар ин соҳа ва ғайра мебошад.

Семинари мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳод Алиёр оғоз намуда, изҳор дошт, ки таъсис додани механизми самараноки иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», бозравонии ҷабрдидагони зӯроварии хушунати оилавӣ ба субъектони қонуни мазкур, ҳимояи ҳуқуқҳои қурбониёни зӯроварӣ дар оила, яке аз масъалаҳои доғи рӯз маҳсуб меёбанд.

Мавсуф қайд кард, ки пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон, яке аз ҳадафҳои стратегии ислоҳоти милитсия ба шумор рафта, дар ин самт Вазорати корҳои дохилӣ пайваста чораҳои зарурӣ меандешад.

Дар ин раванд бо Фармони Вазорати корҳои дохилӣ аз 20 апрели соли 2016 Дастурамал «Дар бораи ташкили кор ва эътинои кормандони милитсия дар ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила» тасдиқ гардида, дар ин самт фаъолият дуруст ба роҳ монда шудааст.

Қобили қайд аст, ки имрӯз дар 14 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ утоқҳои кории нозир оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила таъсис дода шуда, ҳуҷраҳои корӣ бо тамоми таҷҳизотҳои зарурӣ ва техникӣ пурра муҷаҳҳаз гардидаанд. Вазорати корҳои дохилӣ тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар утоқҳои кории нозир оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оиларо таъсис диҳад, афзуд ӯ.

Дар ҷараёни чорабинӣ ҳамчунин муовини раиси шаҳри Панҷакент хонум Азимӣ З., дар мавзӯи « Муайян намудан ва кӯмак расонидан ба чабрдидагони зӯроварӣ дар оила - нақши муассисаҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Раиси ташкилоти ҷамъиятии «Занони шарқ» Фотима Шарипова оид ба «Муҳокимаи вазъи кор доир ба тайёр кардани Ёддошти тафоҳум ва нақшаи солонаи ҳайати гурӯҳи корӣ оид ба мубориза бо зӯроварӣ дар оила», корманди ташкилоти ҷамъиятии «Фемида» Саноат Солиева дар хусуси «Дарки муҳимияти муносибати биёрҷониба дар ҳалли мушкилоти зӯроварӣ дар оила, беҳтарин таҷрибаи байналмилалии ташкили механизми ҳамкорӣ ва гурӯҳҳои кории байнисоҳавӣ барои расонидани кӯмак ва ҳимояи ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила» ва дигарон муфассал баромад намуданд.

Дар хотимаи семинар миёни иштирокдорон машварат доир гардида, ҳайати корӣ ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани ҳадафу маром андешаҳои судманд иброз доштанд.

Рухшона Шукурова

Сарчашмаи мақола

Партнеры