Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе оиди кафолатҳои ҳуқуқи боздоштшудагон семинари омӯзишӣ мегузаронад
- Подробности
- Опубликовано 30 августа 2017
Душанбе, Тоҷикистон-Санаи 29 августи соли ҷорӣ Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе семинари омӯзишии 3-рӯзаро оиди эҳтиром намудани ҳуқуқҳои боздошташудагон оғоз намуд.
Бисту панҷ нафар кормандони мақомоти адлия, аз ҷумла намояндагони Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокуратура, КДАМ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон ва инчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди ВКД, ки оиди назорати умумии фаъоиляти милитсия вазифадор мебошанд, дар семинари мазкур иштирок варзиданд.
Тренинги омӯзишӣ аз тарафи 3 нафар мутахассисон гузаронида мешавад, ки 2 нафари онҳо ҳуқуқшиносони касбӣ мебошанд. Дар рафти семинар ба мавзӯъҳои ҳимоя аз шиканҷа ва бадрафторӣ нисбати боздошташудагон ва амалӣ намудани барномаи назорати мустақилӣ боздоштгоҳҳо мутаваҷҷӯҳи хоса дода мешавад.
Машваратчии САҲА оид ба волоияти қонун гуфт, ки «Барномаи интерактивии омӯзиш имкон медиҳад ки иштирокчиёни семинар аз доираи фаъолияти касбиашон васеътар амал намуда дар рафти мурофиаи судии ҷиноятӣ худро ба ҷои тарафҳои гуногуни манфиатдор гузошата ҳамчун судя, прокурор ё вакили дифоъ нақш бозанд.
Машваратчии Дафтари барномаҳои САҲА оиди муброиза бо терроризм ва кор бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ қайд намуд, ки «Ваколати ҳабс ва маҳдуд кардани озодии инсон инчунин уҳдадориҳои ҳурмат кардани шаъну шарафи шахсиятро дорад».