Намояндагони Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД-и вилояти Хатлон дар тренинги омӯзшии САҲА ва Saferworld иштирок карданд

Аз санаи 5 то 7 июли 2017 тренинги омӯзишӣ барои аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия (ШҶ) дар назди Раёсати вазорати корҳои дохилаи (РВКД) вилояти  Хатлон баргузор гардид. Чорабинӣ дар ш. Қурғонтеппа аз тарафаи Дафтари САҲА ва ташкилоти байналхалқии Saferworld ташкил карда шуд.

Дар тренинги омӯзишӣ 10 аъзоёни ШҶ дар назди РВКД-и вилояти Хатлон, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД ҶТ, намояндагони ташкилоти байналхалқии Saferworld ва инчунин кормандони РВКД-и вилояти Хатлон аз шӯъбаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии зӯроварии хонаводагӣ иштирок карданд.

Дар рафти тренинг, иштироккунандагон аз таҷриба ва малакаҳои кории худ оиди кор бо ҷомеа мубодилаи афкор намуданд, ҷанбаҳои асосии Стратегия ва Барномаи ислоҳоти милитисия ҶТ муҳокима карда Низомномаи ШҶ-ро муфассал баррасӣ карданд. Дар тренинг инчунин равишҳои беҳтар кардани ҳамкории милитсия бо ҷомеа барои пешгирӣ кардани муаммоҳои зӯроварии  хонаводагӣ, мубориза алайҳи ифротгароӣ ва терроризм байни ҷавонон ва як қатор масъалаҳои марбут муҳокима шуданд. Ҳозирини чорабинӣ бо Ёддошт оиди тартиби гузаронидаи ҳисоботдиҳии нозирони минтақавии милитсия дар назди аҳолӣ шинос шуданд. Иштироккунандагони омӯзиш инчунин малакаҳои худро дар омодасозии баромадҳо (презентатсия) такмил доданд. Малакаҳои дар рафти тренинг пайдокардаи иштирокунандагон ба онҳо барои ташкил кардани вохуриҳои самаранок бо ҷомеа кӯмак хоҳад кард

Ба саволи иштироккунандагон оиди дастгирии минбаъдаи САҲА ба ШҶ, намояндагони САҲА ҷавоб гуфтанд, ки мутобиқи лоиҳаи ислоҳоти милитсия, дафтари САҲА дастгирии фаъолияти ҳамаи ШҶ-ро дар оянда идома медиҳад. Дар соли ҷорӣ ва солҳои минбаъда дар доираи татбиқи маъракаҳои иттилоотӣ ва гузаронидани ҳисоботҳо байни аҳолӣ дастгири ба ШҶ расонида мешавад.

Партнеры