Тренинги омӯзишӣ барои аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности
- Опубликовано 08 сентября 2017
Дар доираи ислоҳоти милитсия дар як қатор шаҳру вилоятҳои кишвар чорабиниҳои омӯзишӣ барои аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия идома ёфта истодаанд.
Аз ҷумла, имрӯз (16.08.с.2017), дар шаҳри Хоруғи ВМКБ тренинги омӯзишӣ оид ба баланд бардоштани савияи дониши аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Шодмонзода Ф., мушовир оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм ва кор бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе ҷаноби Капортсев Д.Г., муовини сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Муборакшозода Г., раиси Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди РВКД дар ВМКБ Холиқназаров М. ва аъзоёни Шӯрои мазкур ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Шодмонзода Ф. дар мавзӯи «Тадбирҳои андешидашудаи Вазорати корҳои дохилӣ дар самти ислоҳоти мақомоти корҳои дохилӣ», мушовир оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм ва кор бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе Капортсев Д.Г. доир ба «Стратегияи фаъолияти политсияи САҲА», афсар оид ба ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон дар Дафтари САҲА Муҳаммадиев Ҳ. вобаста ба «Самтҳои асосии ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон» ва дигарон баромад намуданд.
Дар тренинги мазкур омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ дар самти ҳамкории милитсия бо ҷомеа мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуд.
Чорабинии мазкур дар доираи барномаи ислоҳоти милитсия бо дастгирии молиявии дафтари барномавии САҲА дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Мавриди қайд аст, ки чунин тренингҳои омӯзишӣ дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд, минтақа ва ноҳияи Рашт ва Душанбе доир карда шуданд.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова.