САҲА ба маркази матбуоти ВКД-и Тоҷикистон бо таҷҳизоти техникӣ кӯмак кард

Санаи 20 апрели соли ҷорӣ Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) ду компутери мизӣ, ду ноутбук, як чопкунак ва як наворгираки касбӣ тақдим кард.

Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳодбек, роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Машрабзода Ҷамшед Хол ва намонядагони Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар маросими тақдим ҳузур доштанд.

“Ман ба Дафатари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои пешкаш намудани таҷҳизоти техникӣ, ки ба маркази мо барои балнд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳоли оид ба ислоҳоти милитсия кӯмак мекунад, миннатдории худро баён мекунам”, гуфт генерал-майори милитсия Умарзода Икром.   

“Таҷҳизоти техникӣ ба маркази матбуот дар омода намудани маводҳои аудиовизулӣ (тасвирӣ) барои расонаҳои маҳаллӣ, миллӣ ва байналхалқи бо мақсади пеш бурдани корӣ милитсия кӯмак хоҳад кард. Аҳолии Тоҷикистон ба масъалаҳои амнияти ҷамъиятӣ таваҷҷӯҳи хоса мебахшанд. Мо дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ба Вазорати корҳои дохилӣ барои тақвият бахшидани ҳамкории милистия ва ҷомеъа кӯмаки худро расонем”, қайд намуд Мушовир оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм ва кор бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе.