Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба ВКД барои таъсиси системаи электронии низоми ягонаи қабул, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноятҳо кӯмак мекунад

Санаи 29 августи 2017 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (САҲА) марҳилаи якуми лоиҳаи системаи электронии низоми ягонаи қабул, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноятҳоро ба итмом расонида санадҳои техникии онро ба Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВКД) пешкаш намуд. Марҳилаи дуюми ин лоиҳа бо маблағгузории Сафорати ИМА амалӣ хоҳад шуд.

Марҳилаи дуюми татбиқи лоиҳа дар таъсис додани барномаи компютерии он ва ҷорӣ намдани ин система дар баъзе аз ноҳияҳо ва марказҳои вилоятии Тоҷикистон мебошад. Марҳилаи ниҳоии лоиҳа дар омӯзонидани кадрҳо оиди истифодаи система мебошад, ки дар оянда он имкон медиҳад ин система дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ҷорӣ карда шавад.

«Ба Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон барои ҳамкории судманд миннатдории худро баён менамоям. Мо боварии комил дорем, ки таъсиси системаи электронии низоми ягонаи қабул, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноятҳо ба раванди барномаи ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон саҳми назаррас хоҳад гузошт», баён намуд сардори Департаменти ҳарбӣ-сиёсии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷаноби Фейзо Нуманай.

Аз соли 2010 инҷониб, Вазорати коҳои дохилии Тоҷкистон компютерзатсияи коркарди маълумотҳоро тариқи  системаи иттилоотии автоматикии «Омор» ба роҳ мондааст, ки он барои таъсис додани манбаъи ягонаи маълумотҳо равона шудааст. Ин система маълумотҳои омории ҷиноиро, ки аз манбаъҳои коғазӣ ба система ворид карда шудааст, коркард мекунад.

Дар сурат (аз чап ба рост): сардори Департаменти ҳарбӣ-сиёсии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷаноби Фейзо Нуманай, Мушовири Департаменти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ҷаноби Ҷеймс Берг ва муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом дар маросиси супоридани санадҳои лоиҳаи системаи электронии низоми ягонаи қабул, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноятҳо

Партнеры