Дар шаҳри Бохтар мизи мудаввари минтақавӣ бахшида ба натиҷаҳои фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ баргузор гардид

31 октябри соли 2019 дар шаҳри Бохтар мизи мудаввари минтақавӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти муштараки Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон бо Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар кишвар ва ташкилоти ҷамъиятии “Фидокор” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳо ва шаҳрҳои вилояти Хатлон ширкат варзиданд. Мизи мудаввар дар доираи лоиҳаи «Мусоидат дар татбиқи ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон» бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе баргузор гардид.

Дар ҷараёни музи муддавар иштирокчиён душвориҳои кори нозирони маҳаллиро муҳокима намуда, андешаҳои худро оид ба Қонуни қабулшудаи авф ба муносибати 25-умин солгарди қабули Сарқонуни Ҷумҳури изҳор намуданд. Инчунин оид ба инъикоси ҷузъиёти милитсия ва Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар нохияхо, ва баланд сохтани нақш ва аҳамияти нозирони ноҳиявӣ дар ҷомеа суханорони намуданд. Аз ҷумла тавсия дода шуд, ки паҳн намудани маводи чопӣ дар шакли стикерҳо ва плакатҳои маълумотӣ дар бораи нозири ноҳиявӣ ба роҳ монда шавад.

Дар анҷоми чорабинӣ аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва нозирони минтақавӣ як қатор таклифҳо ва пешниҳодҳоро барои баррасии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои соли 2020 дар доираи  ҳамкорӣ бо аҳолӣ дар рафти ислоҳоти милитсия гузоштанд. Хусусан, гузаронидани омузишҳо ва семинарҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳо.