Шӯроҳои ҷамъиятӣ ба ислоҳоти милитсия дар амалишавии ислоҳот саҳми сазовор доранд

Рӯзҳои 7-9 ноябр бо аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсияи назди РВКД дар ВМКБ ва ноҳияи Рашт, инчунин бо ёварони сардорони ин раёсатҳо оид ба ҳамкорӣ бо ҷомеа, созмонҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо ташаббуси ВКД, Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Ташкилоти байналмиллалии «Сейферворлд» машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуданд.

Иштирокчиёни машғулиятҳо доир ба рафти амалисозии Барномаи ислоҳоти милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти Шӯроҳои ҷамъиятӣ, вазифа ва ӯҳдадориҳои аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ, Кодекси рафтори аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ, роҳҳои баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ аз фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ, шаклҳои ҳамкорӣ бо ҷомеа ва созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳисоботҳои нозирони минтақавии милитсия чун яке аз усулҳои баландбардории нақши Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар ташкили ҳамкории милитсия бо ҷомеа, фалсафаи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа», усулҳои муайян намудани мушкилотҳои афзалиятнок дар ҳамкорӣ бо ҷомеа донишҳои худро муккамал намуданд.
Машғулиятҳои омӯзишӣ дар истироҳатгоҳи «Явроз» ташкил ва гузаронида шуданд. Иштирокчиёни машғулиятҳо, ки аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, минтақа ва ноҳияи Рашт буданд, на танҳо донишу маҳорату малакаи касбии хешро баланд бардоштанд, инчунин дар муддати се шабонарӯз аз зебогиҳои дараи Ромит ва обӯ ҳавои тозаи кӯҳсори ноҳияи Ваҳдат баҳра бардоштанд.

Дар машғулиятҳо 26 нафар аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия ва ёварони сардорони раёсатҳо оид ба ҳамкорӣ бо ҷомеа, созмонҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷалб гардида буданд, ки онҳо малакаю маҳорати касбии хешро баланд бардошта, аз таҷрибаи фаъолияти худ ба ҳамдигар мубодила намуданд.
Дар рафти машғулиятҳо маълум гардид, ки шӯроҳои ҷамъиятӣ ҳамчун мақомоти ҷамъиятии машваратӣ – мушоҳидавӣ дар РВКД дар ВМКБ, минтақа ва ноҳияи Рашт самаранок фаъолият карда истода, ҷомеаи шаҳрвандии ин минтақаҳо ба ислоҳоти милитсия фаъолона мусоидат намуда истодаанд.
Аз баромадҳои аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар машғулиятҳо маълум гардид, ки онҳо фаъолияти якҷояи сокинони ин ё он маҳалро бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, хусусан бо кормандони бахшҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, нозирони минтақавӣ ва кормандони хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон ташкил ва назорат карда истода, ба ҳамдигар мунтазам аз хатару таҳдидҳои мавҷуда хабар дода истодаанд.

Аз хулосабарории аъзоёни ин Шӯроҳо эҳсос мешуд, ки дар натиҷаи кори якҷоя эътимоди аҳолӣ ба системаи ҳифзи ҳуқуқ, махсусан бо кормандони милитсия зиёд шуда, ҳамкории кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолӣ хело наздик ва самарабахш гардида, кори шӯроҳои ҷамъиятӣ тақвият ёфта истодааст.
Иштирокчиёни машғулиятҳо бо боварӣ изҳор намуданд, ки донишҳои нав ба онҳо дар амалишавии ислоҳоти милитсия кӯмак мерасонад ва онҳо саҳми сазовори хешро дар раванди демократисозии ҷомеа, пешгирии ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо ва баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқии шаҳрвандон, инчунин дар пешгирии ҳаракату ҳизбҳои экстремистиву динӣ, рафторҳои бадахлоқона ва кирдорҳои ношоиста ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ саҳми худро мегузоранд.

Ғуломов Қ.Ҷ., мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия