Нақши босазои Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар раванди ислоҳоти милитсия

Рӯзи 3-августи соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба идоракунии ислоҳоти милитсия (сатҳи сиёсӣ) ва Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани иқтидори ҳамкории милитсия бо ҷомеа» баргузор гардид.

Дар мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ роҳбарони як қатор миссияҳои байналмилалӣ, аз қабили Барномаи рушди СММ, Идораи СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, Иттиҳоди Аврупо, САҲА, намояндагони Сафоратҳои ИМА, Россия, Олмон, Фаронса, Британия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷопон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Қатар, намояндагони созмону ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ёварони сардорони Шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ оид ба ислоҳоти милитсия ва дигар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Дар ҷараёни Мизи мудаввар сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳор баромад намуда, оид ба ҳамкории кормандони милитсия бо аҳли ҷомеа, аз он ҷумла, ташкилу баргузории як қатор чорабиниҳо бо мақсади пешгирии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, таҳким бахшидани дӯстию рафоқат дар байни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар ҳамкорӣ бо ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Пешоҳанг» ибрози андеша намуд.

Зикр гардид, ки дар ин замина, сафари ҷавонони фаъол ба минтақаҳои гуногуни кишвар, аксияҳои «Беҳдошти муҳити зист», тозагӣ ва ободонию бунёдкорӣ ва дигар чорабиниҳои судманд роҳандозӣ гардид. Дар идомаи баромади худ Фаттозода А.А. оид ба вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон дар муддати шаш моҳи сипаригардидаи соли 2018 муфассал маълумот дода, ҷиҳати пешгирии ҳуҳуқвайронкунию ҷинояткорӣ як қатор таклифҳои ҷолиб пешниҳод намуд. Ҳамчунин дар чорабинӣ Мушовири калони Вазири корҳои дохилӣ оид ба ҳамкорӣ бо ҷомеа, полковники милитсия Қудратулло Ғуломов оид ба дастовардҳо дар самти амаликунонии Барномаи ислоҳоти милитсия ва ташкили ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо ҷомеа дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки мақомоти корҳои дохилӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирӣ ва ғамхории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як ниҳоди муқтадир, боэътимод, кафили амнияти дохилии кишвар ва фаъолтарин сохтори қудратии давлат табдил ёфт.

Полковники милитсия Ғуломов Қудратулло дар баромади худ оид ба қарору низомнома, санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимдарорандаи раванди ислоҳоти милитсия, ҳамкориҳои мутақобилаи ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти милитсия, нақша-чорабиниҳои баргузоргардида дар ин самт, инчунин суҳбату вохӯриҳои доиргардида дар мавзӯи рушди ислоҳоти милитсия суханронӣ намуд.
Зикр гардид ки ҳар як ниҳоде, ки дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ амал менамояд аз қабили бахшҳои нозирони минтақавӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ ва телефони «Хизмати мадад», Маркази матбуот, Сомонаи расмӣ ва ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа»-и Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар бахшҳое, ки бевосита ҳамарӯза бо шаҳрвандон дар алоқа ҳастанд, дар рушди ислоҳоти милитсия нақши босазо доранд.

Гул Маҳбуба, Раҷаббек Илёсов.