Тренинги омӯзишӣ барои аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД-и минтақаи Кӯлоб бо дастгирии САҲА, ВКД ва Saferworld

Аз санаи 12 то 14 июли 2017 дар шаҳри Кулоб аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия (ШҶ)дар назди РВКД-и минтақаи Кулоб дар тренинги омӯзиши вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон савияи дониши худро мукаммал гардониданд. Тренинг бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва ташкилоти байналхалқии Saferworld ташкил ва баргузор гардид.

Аъзоёни ШҶ ва кормандони РВКД-и минтақаи Кулоб, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД ҶТ ва намояндагони ташкилоти Saferworld дар тренинги омӯзишӣ иштирок карданд.  Мақсади асосии тренинг дар баланд бардоштани савияи дониши иштироккунандагон оиди Стратегия ва Барномаи ислоҳоити милитисия ҶТ равона гардида буд. Дар тренинг иштироккунандагон Низомномаи навтасдиқшудаи ШҶ-ро муфассал баррасӣ карданд. Беҳтар намудани ҳамкорӣ байни милитсия ва ҷомеа, масъалаҳои пешгири кардани зӯроварии хонаводагӣ ва мубориза алайҳи ифротгарои ва терроризм байни ҷавонон низ дар ин тренинг боиси баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.

Дар рафти тренинг иштироккунандагон махсусан таъғиру иловаҳои Низомномаи ШҶ-ро баҳс карданд ва пешниҳод шуд, ки барои такмил додани Низомнома ШҶ бояд гуруҳи ҳамоҳангсоз аз байни намояндагони ҳар як ШҶ ташкил дода шавад. Инчунин дар тренинг мавзӯъи «Шаклҳои ҳамкории байни милитсия ва ҷомеа» муҳокима гардид ва дар он Сардори РВКД-и минтақаи Кулоб баён кард, ки барои РВКД низ гузаронидани чорабиниҳои якҷояи ШҶ бо нозирони минтақавии милитсия муфиднок хоҳад буд.

Иштирокунандагони омӯзиш инчунин малакаҳои худро дар омодасозии баромадҳо (презентатсия) такмил доданд. Малакаҳои дар рафти тренинг пайдокардаи иштирокунандагон ба онҳо барои ташкил кардани вохуриҳои самаранок бо ҷомеа кӯмак хоҳад кард.